Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати фарҳанг сафари овозхонҳоро "танзим" мекунад


Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон
Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, ҳадаф дорад, сафарҳои хориҷии сарояндагони тоҷикро ба танзим дарорад.

Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон, рӯзи 21-уми январ дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, аз ин ба баъд барномаи ҳунарии овозхонҳои тоҷик бо ин ниҳод мувофиқа мешавад ва баъдан ҳунармандон роҳхати сафар ба хориҷаро дарёфт хоҳанд кард. Ба қавли ҷаноби Асрорӣ, дар ин маврид як тарҳи қарори Ҳукумати Тоҷикистон низ омода шудааст.

"Дар назар аст, ин қарор дар нимсолаи аввали солӣ ҷорӣ аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон қабул ва мавриди амал қарор гирад. Мувофиқи ин қарор, тамоми гурӯҳҳои ҳунарӣ ва овозхонҳои алоҳида, продюсерҳое, ки дар дохил ва хориҷи кишвар ба ташкили консертҳо машғуланд, ба қайд гирифта мешаванд. Агар сарояндагон хоҳиши дар хориҷ аз кишвар иҷро намудани ягон барномаро дошта бошанд, онҳо бояд сараввал мӯҳтавои барномаашонро бо мутахассисони мо мувофиқа кунанд",-афзуд вазири фарҳанг.

Мирзошоҳрух Асрорӣ гуфт, ҳар як ҳунарманд бо иҷрои як барномаи ҳунарӣ дар хориҷ фарҳанг ва симои миллатро муаррифӣ мекунад ва бинобар ин мӯҳтавои барномаи онҳо бояд зери назари мутахассисон бошад.

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ин тасмимро дар ҳоле пеш мегирад, ки матбуоти маҳаллӣ чанд мартаба аз сафарҳои ҳунарии сарояндагони тоҷик ба хориҷи кишвар гузориш карда сабку услуби сарояндагӣ, либоспӯшӣ ва ахлоқи онҳоро зери тозиёнаи танқид гирифт.

Аммо дар ҳамин ҳол, сарояндаҳо ва продюсерони тоҷик мегӯянд беҳтар мебуд агар Вазорати фарҳанг ба ҷои танзими сафарҳои ҳунармандон ба онҳо дар ин росто кӯмак кунад, то онҳо фарҳангу санъати миллии тоҷиконро дар хориҷи кишвар муаррифӣ кунанд.

Беҳруз Зеваров
Беҳруз Зеваров
Беҳрӯз Зеваров, роҳбари ширкати таблиғотии “Топмедиа” ва ширкати продюсерии "ҶМ", ки ба ташкили консертҳо дар дохил ва хориҷи кишвар машғул аст, мегӯяд, он сарояндагоне, ки бо ӯ ҳамкорӣ доранд қабл аз сафарҳои ҳунарӣ ба хориҷи кишвар то ҳол низ иҷозат мегирифтанд: “Аммо ба назари ман беҳтар мебуд, ки Вазорати фарҳанг ҳамкориро бо сарояндагон беҳтар ба роҳ мемонд ва барои сафарҳои ҳунарии онҳо баръакс кӯмак мерасонд. Аз як ҷониб ин тасмими пешгирифтаи Вазорати фарҳанг дуруст аст, вале ман боварӣ надорам ки дар сурати қабул шудани ин қарор ҳамаи ҳунармандон онро иҷро кунанд”.

Ҷаноби Зеваров афзуд, ҳарчанд на ҳамаи ҳунармандон ин талаботи пешгирифтаи Вазорати фарҳангро иҷро мекунанд, вале ҳам ҳунармандони итоаткор ва ҳам онҳое, ки талаботи ин қонунро сарфи назар кардаанд дар як сатҳ қарор мегиранд.

Олим Ширинов
Олим Ширинов
Дар ҳамин ҳол Олим Ширинов, роҳбари гурӯҳи “Парем”, ки дар хориҷ аз кишвар махсусан дар Русия барномаҳои зиёди консертӣ иҷро мекунанд, мегӯяд, гирифтани иҷозатнома ва мувофиқа кардани мӯҳтавои барномаи консертии ҳунарӣ дар хориҷа барои ансаблҳои давлатӣ мантиқӣ аст на барои гурӯҳу овозхонҳои мустақил: “Масалан, гуруҳи “Парем” 20 сол мустақилона кор мекунад. Мо худ худамонро сарпарастӣ мекунем ва ба ҳеҷ ниҳод ҳам барои гирифтани кумаки молӣ муроҷиат накардаем ва аз ягон ниҳоди давлатӣ низ ягон тин нагирифтаем. Бинобар ин, вақте мо ба ягон кишвари хориҷӣ сафари ҳунарӣ карданӣ мешавем, аз ягон ниҳод иҷозат намепурсем. Чӣ гуна ба ман нишон медиҳанд, ки ман чиро сароям, чӣ гуна сароям ва барои чӣ? Ман фикр намекунам, ки мо пеш аз ягон сафари хориҷиамон бо касе чизеро мувофиқа кунем”.

Ин тасмими Вазорати фарҳанг дар ҳоле гирифта шуд, ки чанде қабл Кумитаи андоз мизони молиёт барои сарояндаҳоро боло бурд ва ҳатто бархе аз сарояндаҳоро барои насупурдани саривақтии андоз ҷарима баст.

Аз кишварҳои минтақа то ҳол танҳо Узбакистон қароре ба тасвиб расондааст, ки бино бар он овозхонону навозандагон ё гурӯҳҳои ҳунарӣ танҳо бо мувофиқаи ширкати давлатии “Узбекконсерт” метавонанд ба сафариҳои ҳ унарии хориҷӣ анҷом диҳанд.
XS
SM
MD
LG