Тибқи иттилои сафорати Тоҷикистон дар Амрико, рӯзи 17-уми январ дар китобхонаи Конгресси ИМА дар Вашингтон маросими муаррифии “Хазинаи тиллоии тоҷикон”, ки аз ҷониби Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон мураттаб шудааст, муаррифӣ гардид.
Тавре аз сафорати Тоҷикистон дар Амрико ба Радиои Озодӣ хабар доданд, дар маросими мазкур, меҳмонон ва намояндагони баландпояи сохторҳои давлатӣ, хусусӣ ва фарҳангии Амрико, аз ҷумла Ҷефри Паят– муовини аввали ёвари Котиби давлатии ИМА, хонум Роберта Шаффер– муовини раҳбари Китобхонаи Конгресси ИМА, доктор Фредерик Старр– мудири Донишгоҳи ба номи Ҷон Ҳопкинси ИМА, сафир Залмай Халилзод – собиқ Намояндаи доимии ИМА дар назди СММ ва сафири пешини ин кишвар дар Афғонистон ва Ироқ, доктор Аҳмад Карими Ҳаккок – устоди бахши эроншиносии Донишгоҳи иёлоти Мэриленд, Глен Ҳовард – Президенти Бунёди Ҷеймстоун, Ҷон О’Киф – мудири иҷрокунандаи Маркази Open World Leadership, Ҷерар Ҷ. Ҷенко- Президенти Маркази АвруОсиё, Марина Барнетт- намояндаи Бунёди Карнеги, Виктор Шиблӣ – сармуҳаррири маҷаллаи Washington Diplomat, Ден Девидсон – Президенти Шӯроҳои америкоӣ доир ба таҳсилоти байналмилалӣ, Ҷон Куин – хабарнигори шабакаи телевизионии АВС TV, NewsChanel 8, Ҷен ду Плэйн– раҳбари ширкати Cultural Tourism DC, инчунин намояндагони аршади Конгресс, олимон ва пажӯҳишгарон, сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, раҳбарони диаспораҳои тоҷик, ҳамватанон ва хабарнигорони ВАО-и ШМА ширкат варзидаанд.
Ҷефри Паят– муовини ёвари котиби давлатии ИМА, зимни суханрониаш дар ин маросим қайд кардааст, ки “китоби мазкур таърихи бузурги минтақаро инъикос намуда, таъкид мекунад, ки “Роҳи Абрешим” барои мо мафҳуми нав нест. Ташаббуси Роҳи Нави Абрешим, ки аз ҷониби мо се сол қабл муаррифӣ гардид, аз ин анъанаи таърихӣ сарчашма мегирад. Ман мехоҳам эътироф намоям, ки китоби Ҳамроҳхон Зарифӣ “Хазинаи тиллоии тоҷикон” ёдоварӣ аз хазинаи бойи тоҷикон буда, сазовори ин даргоҳи бузурги хазинаи фарҳангии мо - Китобхонаи Конгресс мебошад. ИМА ва Тоҷикистон муносибатҳои қавии дуҷониба доранд. Мо аз он ифтихор дорем, ки ИМА яке аз аввалин кишварҳое буд, ки истиқлолияти Тоҷикистонро ба тозагӣ шинохт.
Ҳамчунин ӯ таъкид кардааст, ки нақши Тоҷикистон дар рушди Афғонистон назаррас мебошад. Ҷ.Паят саҳми Тоҷикистонро дар таъмини рушди иқтисод ва таъмини суботи кишвари ҳамсоя баланд арзёбӣ намуд.
Сафири Тоҷикистон дар ИМА Нуриддин Шамсов зимни ин маросим иброз доштааст, ки раҳбарияти сиёсии Тоҷикистон барои ҳифзи мероси моддӣ ва маънавии халқи тоҷик ва рушди минбаъдаи он пайваста саъю талош менамоянд.
Сипас, хонум Ясмин Хон- пажӯҳишгари Китобхонаи Конгресси ИМА оид ба раванди ҳамкорӣ миёни ниҳоди мазкур ва Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи омӯзиши дастхатҳо ва осори хаттии тоҷикон сӯҳбат намуд.
Собиқ намояндаи доимии ИМА дар назди СММ ва сафири ин кишвар дар Ироқ, Залмай Халилзод дар мулоқоташ бо хабарнигарон бо истиқбол аз муаррифии китоби “Хазинаи тиллоии тоҷикон” илова кардааст, “ман шахсан аз ин тамаддун баҳра бардоштаам ва ба ростӣ, ки тамаддуни Тоҷикистон як ҷузъи тамаддуни ин минтақа тиллоӣ арзёбӣ мешавад. Вақте, ки Аврупо дар қуруни вусто буд, ин минтақа маркази тамаддуни кулли дунё буд. Аммо, бадбахтона мардуми дунё оид ба фарҳангу таърихи ин минтақа иттилои кофӣ надоранд. Ин як фурсат аст, ки таввасути ин китоб мардуми Амрико ва тамоми касоне, ки аз ин Китобхона барои иншо кардан ва маълумот ниёз доранд, истифода намоянд. Ман ин рӯз ва ин китобро ба ҷаноби Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, мардуми Тоҷикистон ва кулли минтақа, ки шарики як фарҳангу як тамаддун мебошанд, табрик мегӯям.”
Мудири Донишгоҳи ба номи Ҷон Ҳопкинси ИМА доктор Фредерик Старр зимни мусоҳибаи матбуотиаш бо ишора ба китоби “Хазинаи тиллои тоҷикон” аз он ҷумла гуфт, ки “Ҳамоиши имрӯза таҷлили ҷашни тамаддуни куҳанбунёди тоҷикон маҳсуб мегардад. Чорабинӣ на ҳамчун қисмати чизе ё пайванди чизе, балки далели қавии рушди худшиносии миллӣ, хазинаи бузурги тамаддуни форсизабонон ва мероси Эрони Шарқӣ, ки таърихи 3-4 ҳазорсола дорад, мебошад. Китоб осори тамаддунҳои исломӣ ва пешазисломиро дар бар гирифта, унсурҳои ҳаёти ҳамарӯза ва фарҳанги тоҷиконро инъикос менамояд. Китоби мазкур нодир буда, шоистаи муаррифӣ аст ва рамзи хуби муносибатҳои рушдёбандаи Тоҷикистону ИМА дар соли 2013 маҳсуб мешавад”.
Устоди Донишгоҳи Мериленд, Аҳмад Карими Ҳаккок назари худро роҷеъ ба китоби мазкур чунин баён кард: “Тоҷикистон, ки ба тозагӣ ба ҷаҳон муаррифӣ мешавад, ҳанӯз ҷойи шоистаи худро дар зеҳни ҷаҳониён пайдо накардааст. Вале гомҳое, мисли ин китоб, тоҷиконро, ки ин гуна мероси фарҳангиро доро ҳастанд, ба ҷаҳониён шинос хоҳад кард ”.
Пас аз анҷоми бахши расмии чорабинӣ, слайд-шоу ва маросими расмии тақдими нусхаҳои китоби мазкур ба хазинаи Китобхонаи Конгресси ИМА сурат гирифтааст.