Адҳам Мирсаидов, раҳбари ин созмон гуфт, бештар аз 71 ҳазор ва ё 36 дарсади аъзои ҲХДТ-ро ҷавонон ташкил медиҳанд ва онҳо барномаҳои зиёди таблиғотиро низ вобаста ба маъракаи қаблаз интихоботӣ рӯи даст доранд. Мирсаидов гуфт : «Азбаски мо блоки алоҳидаи қаноти ҷавонони ҳизбро таъсис додаем, тавассути созмони «Созандагони Ватан» ҷавононеро, ки сиёсати давлатро дастгирӣ мекунанд, муттаҳид намуда, чорабиниҳои худро дар байни чавонон баргузор мекунем».
Ҳамчунин «Созандагони Ватан», созмони ҷавонони Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ дар гузашта низ аз фаъолони "Фейсбук" ва "Однаклассники" даъват кард, то дар тарғиби номзади эҳтимолии ин ҳизб ба онҳо кӯмак кунанд. Аммо дар ин маврид то имрӯз ҷавонони аҳзоби дигар ва созмону ҳаракатҳои сатбиномнашуда дар кишвар дар таблиғи номзадҳои пешниҳодкардаашон хомӯшанд.
Раҷабалӣ Қаландаров, узви гуруҳи эҷодии Созмони «Қадам ба қадам», як омили аслии хомӯшии ҷавонони ҳизбу созмонҳои дигарро ба набудани номзади алтернативӣ марбут донист. Вай гуфт, дар ҳоли ҳозир аксарияти ҷавононе, ки аъзои ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо ҳастанд аз набудани номзади алтернативӣ дар баробари Эмомалӣ Раҳмон, намедонанд, ба таблиғ ва тарафдории ки бипардозанд: «Нафароне ки арзандаи номзад ба президентӣ бошанд, кам нестанд. Барои мисол, агар дар интихоботи президентии соли 2013 номзадии Ҳасан Асадуллозода, Муродалӣ Алимардонов ва ё Маҳмадсаид Убайдуллоев дида мешуд, он вақт ҷавонон дигар интихобашонро дақиқ мекарданд.»
Дар ҳамин ҳол Ёқуби Саид, хабарнигори ҷавон, ки то ҳол аъзои ягон ҳизби сиёсӣ нест ва баъзан ҳадафҳо ва барномаҳои ҳизбҳоро меомӯзад, мегӯяд, то ҳанӯз фаъолияти кадоме аз ҳизбҳои сиёсиро дар кишвар ба завқаш мувофиқ дарёфт накардааст. Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, фаъол шудани ҷавонони ҳизби ҳоким дар мавриди таблиғи барномаҳои қабл аз интихоботӣ дар он аст, ки ба қавле онҳо пушту паноҳ доранд ва шояд аз ҷониби ин ҳизб низ фаъолияти ин гуруҳ ҷавонон маблағгузорӣ шавад: «Дар саҳифаҳои иҷтимоӣ ман мебинам ки ҷавонон аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ фаъоланд. Он ҳам барои таблиғи номзади арзандаи худ ҳамеша кӯшиш мекунанд. Дар ҳоли ҳозир бештар ҷавонони аъзои ду ҲХДТ ва ҲНИТ фаъолтаранд».
Зимнан Бибисоро Кабирова, як масъули бахши кор бо ҷавонони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар суҳбат бо «Озодӣ» гуфт, ки аъзои ҳизби онҳо аз ҳисоби ҷавонон дар ҳоли афзоиш аст. Ба гуфтаи як манбаъ аз ин ҳизб агар дар ҳоли ҳозир ин ҳизб бештар аз чил ҳазор аъзо дошта бошад, 50 ва ё 60 дарсади онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд: «Аъзои ҷавони ҳизби мо завқманди иштирок дар интихобот ва ба таври дилхоҳ интихоб кардани номзади арзанда дар курсии президентӣ ҳастанд. Дар мавриди барномаҳои пешазинтихоботӣ назарҳои гуногун доранд ва худи ҷавонон кӯшиш мекунанд ба таври комил ба таблиғи номзади дилхоҳашон истифода кунанд. Ҷавонони ин ҳизб фаъоланд ва хуб аст, ки ҳатто дар баъзе рӯзҳо мо то се ё чаҳор ҷавонро ба аъзогии ҳизб номнавис мекунем.»
Соҳибназарон мегӯянд, ҳарчанд, ки ҷавонони ҳизбу ҳаракатҳои дигар дар Тоҷикистон фаъолияти муассире доранд, тавонмандии масъулини ҳизби ҳоким боис шудааст, ки дар мавриди таблиғ ҷавонони он нисбат ба дигарон фаъолтар бошанд.
Назири Нусрат, коршиноси ҷавони тоҷик, мегӯяд, намешавад воқияти ҲХДТ-ро сарфи назар кард. Ба гуфтаи ӯ, афзоиши таблиғоти ғайрирасмии қаблазинтихоботии ин ҳизб мантиқист. Зеро ба назари вай, ин ҳизб расман номзадашро муаррифӣ кард ва фаҳмонд, ки бори дигар қудратро гирифтан мехоҳад. Ва ин ки барои таблиғоташ аз ҳама роҳҳо кор мегирад, вобаста ба тавон ва имконоташ аст. Ба андешаи Назири Нусрат, воқеан, бахши ҷавонони ҲХДТ аз худ фаъолона дарак медиҳад. Барои мисол, вақте Парвиз Давлатбековро қатл карданд, аввалин шуда, «Созандагони Ватан» садо баланд кард. Вақте як муҳоҷири точикро қатл карданд, боз ҳамчунин. Назири Нусрат афзуд, беинсофӣ мебуд, агар талошҳои бахусус ҲНИТ ва ҲУСДТ-ро низ нодида бигирем: «Ин ду ҳизб ҳам худро дар арафаи интихобот хеле фаъол нишон медиҳанд.»
Аммо ин таҳлилгари ҷавон бар ин бовар аст, ки агарчӣ ҳизбҳои дигар таблиғ накардаанд, аммо нерӯҳои мухолифони тоҷик дар хориҷа, таблиғот алайҳи номзади ҲХДТ-ро роҳандозӣ кардаанд. Яъне онҳо нафари худро дар қудрат дидан мехоҳанд. Фарқ ин аст, ки аввалӣ номзади мушаххас дораду дуввумиҳо не.
Cоҳибназарон мегӯянд, ҲХДТ ҷавононро ба андозаи ҲНИТ ва ҲУСТД дар худ фаро нагирифтааст ва аъзои ҷавони ҳизби ҳоким аслан омӯзгоронанд ё онҳое, ки дар муассисаҳои давлатӣ кор мекунанд.
Ахиран низ дар пайи дастури роҳбарияти Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, аз аввали моҳи январи соли 2013 дар назди дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ин ҳизб «Маркази таблиғот ва таҳлил» созмон дода шуд. Ва ба зимма ин марказ самти таблиғотии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, корҳои таҳлилӣ ва идораи сомонаи ҳизб «www.tribun.tj» вогузор шуда, мутахассисони соҳаи иқтисод, сиёсат ва журналистика ба кор ҷалб шудаанд.