Дар сериали “Гулчатай”, ки ахиран аз тариқи телевизиони Русия пахш шуд, нақши асосиро тоҷикдухтар Сайёра Сафарӣ бозидааст. Гулчатай – аввалин нақши бузурги Сайёра дар синамост. Филм қиссаи ишқи як сарбози рус ва духтари деҳотии шарқист. Ишқе, ки ибтидо дар русто ва баъдан дар шаҳри бузург ба озмоишҳои ҷиддӣ рӯбарӯ мешавад. Филми таҳиягари шинохтаи рус Роман Просвирнин паёмест, ки дар ҳар маконе одамони неку бад зиёданд ва ишқ марз надорад ва нажоду мазҳабро намеписандад.
Бахшҳо
- Тоҷикистон
- Ҷаҳон
- Сиёсат
- Иқтисод
- Фарҳанг
- Ҳамватан
- Варзиш
- Видео
- Блогистон
- Осиёи Марказӣ
- Ҷомeа
- Гузоришҳои радиоӣ
- Ҳодиса
- Назарҳо ва боварҳо
- Озодӣ Онлайн
- Баъд аз гузориши Озодӣ
- Гапи Озод
- Салом, хоҳар
- Рӯзгори муҳоҷир