Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми ҳабси 4 тоҷик дар Нижний Новгород


Додгоҳе дар шаҳри Нижний Новгороди Русия ҳукми ҳабси 4 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба узвият дар созмони мамнӯъи Ҳизб-ут-Таҳрир айбдор мешаванд, содир кард. Ин 4 мард ҳанӯз рӯзи 29 ноябр боздошт шуданд, вале додгоҳ қаблан дархости ҳабси онҳоро радд карда буд. Акнун ин 4 нафар, ки то ҳол дар ҳабси хонагӣ қарор доштанд, то 27 январ ба ҳабс гирифта шуданд. Мақомот мегӯянд, дар ҷараёни амалиёти боздошт аз манзилҳои онҳо маводи мунфаҷира ва теъдоди бузурги адабиёт ва наворҳои мамнӯъи мазҳабӣ ёфт шудааст.
XS
SM
MD
LG