Вазири маорифи Тоҷикистон гуфт, мухолифи тағйири расмулхати сирилик аст. Нуриддин Саидов рӯзи душанбе дар нишасти хабариаш гуфт, ҳар равшанфикри тоҷик бояд хатти форсиро бидонад, вале дар ҳоли ҳозир саросар ба ин хатт гузаштани кишвар мушкилоти иқтисодиву, ба таъбири ӯ, «идеологӣ»-ро пеш хоҳад овард. Як бахши зиёиёни тоҷик ба хотири омӯзиши хубтари мероси ниёгон ва баҳрабардории бештар аз дастовардҳои ҳавзаҳои илмиву адабии кишварҳои ҳамзабони Эрону Афғонистон тақрибан аз поёни солҳои 80 ба ин сӯ гузаштан ба хатти форсиро пешниҳод мекунанд, вале мақомот инро қабул надоранд. Тоҷикистон соли 1928 аз хатти форсӣ ибтидо ба алифбои лотинӣ ва соли 1940 ба хатти сирилик гузашт.