Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юнус Юсуфӣ: "Имрӯз сухан аз минбар уфтодааст..."


Юнус Юсуфӣ, нависандаи тоҷик
Юнус Юсуфӣ, нависандаи тоҷик

Ахиран нашриёти давлатии «Адиб» романи нависандаи тоҷик Юнус Юсуфиро бо номи "Шинак" бо теъдоди 2000 нусха ба чоп расонд.

Ҳамчунин бархе аз ҳафтаномаҳои кишвар ба далели мавзӯи рӯз ва умумимиллӣ будани мӯҳтавои ин асар, муаллифашро «Адиби сол» эълон карданд.

Юнус Юсуфӣ Донишгоҳи омӯзгории Душанберо хатм карда, ҳоло масъулияти бахши насри маҷаллаи “Садои Шарқ”-ро ба дӯш дорад. Маҷмӯаи ҳикояҳояш - “Садоҳо хомӯш намешаванд”, “Афсонаи Ҳафтдодарон”, романҳои “Оташафрӯз” ва “Шинак” - чоп шудаанд.

Қаҳрамони роман, пешвои як деҳаест, ки алайҳи таҷовузгарон меҷангад, аммо оқибат аз сӯи ҳамдеҳагони худ, ки аз гуруснагиву ташнагӣ дар пайи муҳосираи душман ранҷ мебурданд, кушта мешавад. Ба хотири ошноии бештар бо мавзӯъ ва ҳадафҳои ин роман, хабарнигори РО нахуст аз нависанда пурсид, ки ӯ бо ин роман чӣ паёме ба ҷомиаи имрӯзи тоҷик дорад:

Юнус Юсуфӣ: Адиб ба воситаи асараш камбуду нақси ҷомиаро мегӯяд, ҷомиаро ҳушдор медиҳад, огаҳ мекунад, таваҷҷӯҳашро ба масоиле ҷалб мекунад, ки ба назари ӯ ҳаллашон барои имрӯзу фардои вай зарур аст. Аммо чи гуна, ба кадом сабку шева гуфтан, баста ба ҳунари ӯст. Дар ин бахш майдони адабиёт фарох аст. Адибоне ҳастанд, ки аз рамзу тамсил истифода мекунанд, бархе рӯ ба афсонаву ангора меоранд, вале муҳим ин аст, ки гӯянда ба ҳадаф бирасад, ҳарфаш дар нимароҳ намонад, то ба хонанда равад. «Шинак» низ ба ҳамин умед иншо шудааст. Дар он афсона ҳам ҳаст, рамз ҳам ҳаст, тамсил ҳам ҳаст. Хулоса, сухан он ҷо аз ҳамон сарнавишти талхи миллати мост, ки аз рӯзгорони дароз ба ин сӯ дасти ситами бегонаҳо болои сараш мушт будааст. Вале мо ба мушт бо мушт посух нагуфтаем, ба бад бад накардаем, баръакс, меҳрро дар баробари хашм гузоштаем. Ҳамон гуфтори нек, рафтори нек, пиндори нек, ки дар хуну гӯшту пӯсти мо танидааст. Қаҳрамони роман як зани одии тоҷик, як қавми нимаваҳширо кишоварзу шаҳрнишин мекунад. Ин ҷо ҳамон мақулаи пирӯзии нек бар бад аст.

Озодӣ: Романи Шумо номи ғайриоддӣ дорад. Чаро «Шинак»? Қаҳрамонҳояш имрӯзиянд, ё ҳамешагӣ, тавре мегӯяд, тип ҳастанд?

Юнус Юсуфӣ: Қаҳрамонҳо номҳои тоҷикӣ доранд, ба монанди Парвину Парвезу Маҳнӯшу аз ин гуна. Шинак ҳамон камингоҳ аст. Ин ҷо низ рамзе ҳаст, ки шинак гирифтан дигар ба дард намхӯрад. Аз шинак бояд баромад. Яъне ҳанӯз ҳамон шинак ҳаст ва онҳое, ки ба ватани мо таҷовузҳо мекарданд, имрӯз ҳам бо шаклҳои дигар ин кори одатии худро мекунанд. Ман мутмаинам, ки дар ҷомиаи Тоҷикистон ин гуна афроде, ки ба ҳимоят аз ватан, ба монанди қаҳрамонони «Шинак» бароянд, зиёданд.

Озодӣ: Романнависӣ дар замони мо гӯё як падидаи нодир шудааст. Чаро кам роман менависанд? Мушкил аст, ё харидор надорад?

Юнус Юсуфӣ: Романнависӣ дар замони мо, ба вежа дар адабиёти мо ҳодисаи нодир нест, ҳар сол романҳои зиёд навишта мешаванд. Аммо онҳо моли адабиёт ҳастанд ё не, ҳарфи дигар аст.

Озодӣ: Вазъи адабиёти имрӯза, бахусус насрро чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Маълум аст, ки адиб дигар ба дараҷаи замони шӯравӣ дуруст қадрдонӣ намешавад. Шумо аз адабиёт, аз романатон чӣ таваққуъ доред – шӯҳрат, пул ё чӣ?

Юнус Юсуфӣ: Насри имрӯзи мо, то ҷое ки ман медонам ва агар бо адабиёти ҷаҳон қиёс шавад, дар маҷмӯъ дар сатҳи паст аст. Моли асили адабиёт бисёр буда наметавонад, ҳастанд асарҳои арзанда, вале ба иллати набудани нақд онҳо ноаён мемонанд. Дар замони шӯравӣ аҳли адаб аз ноздонаҳои ҷомиа буданд, зеро сухан муқаддас шумурда мешуд, ҷойгоҳаш баланд буд. Имрӯз сухан аз минбар уфтодааст, аз ин рӯ, адиб низ он қадру манзалатро надорад, ки дар гузашта дошт. Ман аз адабиёт чизе тамаъ надорам. Нависандаи бузурги инглис Моэм мегӯяд, мо на барои он менависем, ки чунин мехоҳем, балки барои он менависем, ки нанавишта наметавонем.

Озодӣ: Романатонро навиштед. Онро кӣ мехонад? Хонандаи эҳтимолии худро мешиносед? Ба фикри Шумо, хонандаи имрӯз чӣ хондан мехоҳад? Умуман, айб дар адиби мост, ё хонандаи ӯ, ё сиёсатҳои ҳукумат дар ин замина, ки китобхон кам аст?

Юнус Юсуфӣ: Ҳар асар, тавре гуфтам агар моли адабиёт аст, ногузир хонандаи худро меёбад. Хонандаи имрӯз ба назари ман асареро мехоҳаду мехонад, ки нақсу камбуди зиндагиву ҷомиаро ошкор кунад, роҳу усули ислоҳашро гӯяд. Қариб дар ҳама кишварҳо, ба вижа ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ таваҷҷуҳ ба адабиёт, манзурам адабиёти асил, костааст. Омилҳои гуногун аз қабили ривоҷи бозори детективу ба ин монанд жанрҳои сабук ва интернету ғайраҳо сабаб буда метавонанд. Дар кишвари бузурге чун Русия осори барандагони ҷоизаи Нобел ба теъдоди панҷ - шаш ҳазор чоп мешавад. Дар мо низ китоб аз ду ҳазор беш нашр намешавад ва аксари китобҳо аз Душанбе берун намераванд. Дар замони шӯравӣ илова ба китобхонаҳои мактабу шӯрои ҷамоа, ки дар ҳар деҳа буд, дар магазинҳо гӯшаи махсусе барои китоб низ сохта буданд. Ин корҳо имрӯз монанд ба афсона метобанд. Ва сатҳи пасти таълиму тарбия дар оилаву мактаб низ сабаби аз китоб дур шудани насли имрӯз гаштааст. Шумо агар ба донишҷӯёни мо таваҷҷӯҳ карда бошед, як дафтар дар даст ба донишгоҳ мераванд. Аз ӯ чӣ умед метавон кард?

Озодӣ: Мо мебинем, ки шоирони наздик ба ҳукумат қадр доранд, аммо адибоне ҳам ҳастанд, ки дар ҳошия мондаанд. Аммо оё айби ахириҳост, ки ба ҳукумат ё афроди сармоядор наздик намешаванд, ё айби сармоядорону ҳукумат аст, ки нависандаашонро, ба истилоҳ «соҳибӣ» намекунад?

Юнус Юсуфӣ: Ман сари ин масъала ҳеч гоҳ андеша накардаам. Қадр шудани нависанда эътирофи ӯ аз сӯи хонанда аст.
XS
SM
MD
LG