Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Илҳом Алиев шахси ришвахори сол эълон шуд


Илҳом Алиев бо хонумаш Меҳрибон Алиева
Илҳом Алиев бо хонумаш Меҳрибон Алиева

OCCRP ё Ниҳоди гузоришҳо дар бораи ҷиноятҳои созмонёфта ва ришвахорӣ дар Сараево Илҳом Алиев-раиси ҷумҳури Озарбойҷонро шахсияти сол эълон кардааст.

Номи вай дар гузоришҳое, ки роҷеъ ба ҷинояту ришвахорӣ дар минтақа таҳия гардидааст, ҳамеша ёдоварӣ мешавад.

Чеҳраҳои дигари дурахшон дар ин бахш Носир Хелҷмендӣ-қочоқчии эҳтимолии сигор дар кишварҳои Балкан, Мило Ҷуканович-нахуствазири Черногорие ё Монтенегро, Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Узбакистон ва Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия мебошанд.

Созмони Трансперенсӣ Интернешенал, ки дар бораи ришвахорӣ гузориш таҳия мекунад, роҷеъ ба натиҷаҳои соли 2012 мегӯяд, ки аз се ду ҳиссаи кишварҳои ҷаҳон ба гурӯҳи кишварҳои “ хеле ришвахор” дохил мешаванд. Ин созмон мегӯяд, шубҳаовар хоҳад буд, агар ифтихори “шахсияти сол”-ро дар ин бахш ба касе бидиҳанд.

Аммо созмони ғайридавлатии таҳқиқоти рӯзноманигорӣ дар Сараево ва Бухарест ҳамин корро кардааст ва тоҷи шахсияти ришвахори солро бар сари Илҳом Алиев-раиси ҷумҳури Озарбойҷон гузоштааст.

Ин созмони ғайридавлатии таҳқиқоти рӯзноманигорӣ бештар дар бораи кишварҳои Шарқи Аврупо ва Осиёи Марказӣ гузориш медиҳад. Барои феҳристи ғайрирасмие, ки ин созмон таҳия кардааст, намояндагони 15 ниҳоди рӯзноманигорӣ рай додаанд. Худи ин созмон ҳам аз ҳамин 15 ниҳоди рӯзноманигорӣ иборат аст ва Ниҳоди гузоришҳо дар бораи ҷиноятҳои созмонёфта ва ришвахорӣ ё OCCRP ном гирифтааст. Ҳадафи он таҳқиқ ва таҳияи гузоришҳои ҷасурона дар бораи ришвахорӣ ва ифшои он дар кишварҳои ғайришаффоф мебошад.


Паул Раду
Паул Раду
OCCRP дар ҷамъбасти соли 2012 бо такя ба гузоришҳои муътабар ва дорои далелҳои боварибахш унвони “шахсияти сол”-ро ба Илҳом Алиев дод, зеро хонаводаи вай солҳои зиёде мунтазам саҳмияҳои пурдаромадро моли худ кардаанд.Поул Раду-раиси OCCRP мегӯяд, "президент Алиев ва хонаводаи вай дар воқеъ бо афроди дигари хонаводаи худ бо тиҷоратҳои зиёди махфӣ машғуланд ва ин тиҷоратро мо як ҷо бо радиои Озодӣ ифшо кардем. Мо ширкатҳои махфиеро ошкор кардем, ки масалан ин оила дар Панама ё дар Ҷумҳурии Чех дорад. Мо дороиҳоеро ифшо кардем, ки тавассути ин ширкатҳо дубора ба Озарбойҷон баргаштаанд”.

Раду мегӯяд, ин навъи гузоришдиҳӣ шеваи нав аст ва таъсири бештар дорад ва ниҳоди онҳо бо ҳакерҳои компютерии Скотланд ҳамкорӣ мекунанд. Дар натиҷаи ҷустуҷӯҳои компютерӣ номҳои духтарони Алиев ва хонуми вай пайдо шудаанд, ки дар Панама соҳиби ширкатҳо мебошанд.

Бо вуҷуди ин, Раду мегӯяд, таъсири гузориш ба оилаи Алиев тавре набудааст, ки касе интизораш буд. Сохторҳои соҳибони ширкатҳои хориҷии оилаи Алиев тағир ёфтаанд ва порламони Озарбойҷон моҳи июн қонунеро ба тасвиб расонд, ки ифшои соҳибони чунин ширкатҳои тиҷоратӣ мушкил шудааст. Дар чунин ҳолат ин қонун Алиев ва хонаводаи вайро аз кашондан ба додгоҳ чун сипар дифоъ мекунад.

Баръакс Алиев ва атрофиёнаш бар зидди рӯзноманигор Исмоилова, ки дороӣ ва ширкатҳои пинҳонии ин хонаводаро таҳқиқ мекард, маъракаи бадномсозиро оғоз ва вайро таҳдид карданд.

Поул Раду мегӯяд, ҳоло OCCRP чандин пойгоҳи интернетиро, ки онҳоро бо “шахсони мавриди алоқа” иртибот медиҳад, мавриди таҳқиқ қарор додаанд. Шояд дар оянда шахсони дигаре пайдо шаванд, ки “тоҷи шахсияти сол”-ро аз сари Алиев бардоранд ва бар сари худ гузоранд.
XS
SM
MD
LG