Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озодии сухан ва озодии дин дар соли 2012


Давоми соли 2012 чанд қазия дар саросари ҷаҳон, боиси амиқрафти ихтилоф дар мавриди марзҳои озодии баён ва тавҳин ба мазҳаб гардид.

Аз ҷумла аз мурофиаи додгоҳии гурӯҳи Pussy Riot дар Русия шурӯъ карда то эътирозҳо алайҳи филми “Бегуноҳии мусалмонҳо”, филми тавҳиномез дар бораи Паёмбари ислом Муҳаммади Мустафо, зеҳнҳоро машғул нигаҳ медошт.

Дар ҳарду қазия гурӯҳҳое алайҳи арзишҳои мазҳабӣ бархостанд ва ин вокунишҳоеро ба бор овард, ки боиси амиқрафти ихтилоф дар мавриди марзҳои озодии баён ва тавҳин ба мазҳаб гардид.

Моҳи феврал панҷ узви гурӯҳи панк-роки Pussy Riot дар Калисои Масеҳи Наҷотбахши Маскав “ниёиш”-еро доир намуд, ки онро “Худовандо, Русияро аз Путин наҷот деҳ!” ном гузошта буданд. Аъзои гурӯҳ амали худро чун эътироз алайҳи аз сӯи Калисои ортодокси рус пуштибонӣ шудани раисиҷумҳур Владимир Путин маънидод карданд.

Пахши навори ин “ниёиш” вокунишҳои мухталифро дар ҷомеъаи Русия барангехт – бархе онро маҳкум карда, таҳқиру тавҳини дин хонданд, бархе гуфтанд, ки Pussy Riot ҳаққи озодона иброз кардани андешаи худро дорад. Мақомоти додситонии Русия низ ба ин қазия вокуниш карданд – алайҳи гурӯҳи Pussy Riot парвандаи ҷиноӣ боз шуд ва аввалҳои моҳи октябр ду нафари онҳо бо иттиҳоми авбошӣ ва барангезхтани низоъи мазҳабӣ ба ду солии маҳбас маҳкум шуданд, узви сеюми гурӯҳ ҳукми шартӣ гирифт.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар ва ҳунармандони кишварҳои ғарбӣ муҷозоти гурӯҳ Pussy Riot –ро “сангинтар аз ҷинояти содиршуда” арзёбӣ карданд. Ба гуфтаи онҳо, озодии баён қурбонии ҳимоят аз дин шудааст, дар ҳоле, ки бар пояи қавонини Русия тавҳини дин ҷиноят маҳсуб намешавад. Барбара Трионфӣ, масъули озодии матбуот дар Пажуҳишгоҳи байнулмилалии матбуоти шаҳри Вена мегӯяд, ки дар кишварҳои ғарбӣ қазияҳои монанд ба парвандаи Pussy Riot на дар додгоҳи ҷиноӣ, балки дар додгоҳи шаҳрвандӣ баррасӣ мешаванд. Ӯ меафзояд, “барои тӯҳмат ва барои ҳама гуна таҳқир дар маҷмӯъ қонунҳои шаҳрвандӣ истифода мешаванд, яъне, дар мурофиаи додгоҳӣ ва ин бешак, таҷрибаи комилан қобили қабул аст.”

Хонум Трионфӣ мегӯяд, ки ҳадаф аз муҷозот барои тавҳини дин ё тӯҳмат - тарсонидани мардум ва аз сӯи матбуот ҷорӣ кардани худсенсорист. “Ин на фақат озодии баёнро маҳдуд месозад, балки мансабдоронро аз танқид эмин нигаҳ медорад.”

Филми “Бегуноҳии мусалмонҳо”, ки аз сӯи гурӯҳе дар ИМА дар бораи Паёмбари ислом Муҳаммади Мустафо навор гирифта шудааст, боиси эътирозҳои густурда дар кишварҳои мусалмонӣ гардид. Дар эътирозҳо дар кишварҳои гуногуни олам дасти кам 50 нафар ба ҳалокат расиданд.

Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, рӯзи 25 сентябр дар Маҷмааи куллии СММ гуфт, ки озодии баён ҳаққи ҳар як инсон аст, ҳатто дар ҳоле, ки бархе аз он сӯиистифода мекунанд. Аммо раисиҷумҳури Миср Муҳаммад Мурсӣ дар ин бора назари дигар дорад. Ӯ аз озодии баёне пуштибонӣ кард, ки боиси барангехтани нафрат алайҳи дигарон намегардад.

Женева Абдо, пажуҳишгари Маркази Стимсони Вошингтон мегӯяд, ки назари ин ду раисиҷумҳур баёнгари ихтилофи назарҳо миёни кишварҳои ғарбиву ҷаҳони Ислом дар мавриди дифоъ аз дину мазҳаб аст. Ӯ меафзояд, дин дар он кишварҳои мусалмонӣ дар мақоми баланд аст, ки қавонин ҳам дар пояи шариат ва ҳам дар пояи меъёрҳои дунявӣ таҳия шудаанд. Ҳамзамон, аз нигоҳи хонум Абдо, сокинони кишварҳои ғарбӣ, ки дар эътирозҳо дар кишварҳои мусалмонӣ ифротгароҳоро айбдор мекунанд, то куҷо амиқ будани эҳсосоти мардумро дарк намекунанд.

“Ғарб гоҳо худро мутмаин месозад, ки фақат ифротгароҳо норозиянд ва фақат мусалмонҳои ифротгаро биноҳои сафоратхонаҳоро оташ мезананд ва мухолифи арзишҳои ғарбии моянд. Аммо ин тавр нест. Ман фикр мекунам, ки аксари мусалмонҳо бо арзишҳои ғарбии мо мувофиқ нестанд, аммо онҳо ранҷиши худро аз роҳҳои гуногуни осоишта изҳор мекунанд”, мутмаин аст хонум Абдо

Ба гуфтаи коршиносон, солҳои оянда, бидуни шак, баҳсҳо дар ин мавзӯъ идома хоҳанд кард, зеро ҳанӯз суолҳое, ки озодии баён ва озодиҳои мазҳабӣ кай бо ҳам муросо мекунанд ва марзи аз озодии баён гузаштан ба тавҳини дин куҷост, посух пайдо накардаанд.
XS
SM
MD
LG