Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаёти иҷтимоии Тоҷикистон дар соли 2012


Мақомоти давлатии Тоҷикистон мегӯянд, вазъи иҷтимоӣ дар кишвар тайи соли 2012 беҳтар шуда, даромади аҳолӣ 24 дарсад афзоиш ёфтааст.

Тибқи иттилои расмӣ даромади мардуми Тоҷикистон назар ба соли гузашта 24,2 дарсад афзудааст. Аммо ба гуфтаи коршиносон, боло рафтани нарху наво ба мардум имкон надод, ин пешравиро эҳсос кунанд.

Иқтисодшиноси тоҷик, Табаралӣ Ғаниев, бо такя ба омори рушди иқтисодии Тоҷикистон мегӯяд, соли равон дар соҳаи буҷавӣ маошҳо аз 10 то 40 дарсад боло рафта, дар шаҳр аз 1000 то 1300 сомониро ташкил медиҳад. Аммо агар бо назардошти болоравии нархҳо баҳогузорӣ шавад, ба гуфтаи Ғаниев, сатҳи воқеии иҷтимоии мардум тағйир наёфтааст.

Бар пояи омори расмӣ, теъдоди бекорон дар соли 2012 бештар шудааст.
Бар пояи омори расмӣ, теъдоди бекорон дар соли 2012 бештар шудааст.
Ҳарчанд дар Тоҷикистон ба боло рафтани нархҳо одат кардаанд, афзоиши нархи орд дар соли 2012 бесобиқа буд. Бино бар натиҷагириҳои Бонки Ҷаҳонӣ, аз аввали моҳи июн то охири моҳи октябр қимати орд дар Душанбе 33, Қӯрғонтеппа 35 ва Хуҷанд 72 дарсад гаронтар шудааст. Нархи сӯзишворӣ ҳам тайи як соли охир боло рафт ва харҷи аҳолиро зиёдтар кард.

Дар чунин шароит, бар пояи омори расмӣ, теъдоди бекорон дар соли 2012 дар кишвар дар муқоиса ба соли гузашта бештар шуда, шумораи онҳое, ки кори муносибро бо даромади арзанда пайдо карданд, ба маротиб камтар буд. Дар Тоҷикистон ҳамоно муҳоҷират ба Русия ба ҳайси яке аз манбаъҳои асосии даромади хонаводаҳо боқӣ монд. Дар соли равон муҳоҷирон ба Тоҷикистон бештар аз соли пешӣ маблағ фиристодаанд, ки асосан харҷи рӯзгор шудааст. Талошҳои он, ки маблағи муҳоҷирон ба соҳибкорӣ ва рушди иқтисодӣ замина гардад, то ҳол комёб набудаанд. Фасоди фарогир ҳамоно монеаи рушди соҳибкорӣ боқӣ монд.

Зиндагии аксари кулли мардум бе барқ, газ ва оби тоза мегузарад, аммо сарватмандии афсонавии як гуруҳ аз аҳолӣ ва афзоиши беадолатиҳои иҷтимоӣ ба вазъи куллӣ таъсири манфӣ мегузорад. Фақру бекорӣ тадриҷан ба афзоиши яъс ва беэҳтиромӣ нисбати қонун сабаб мегардад.

Бино бар иттилои расмӣ, дар соли 2012 наздик ба 4000 ҷиноят сабт шуда, ки шумораи ҷиноятҳои сангин аз қабили куштор ва истифода аз силоҳи оташфишон бештар шудааст. Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, дар соли 2012 насли ҷавон 20 дарсад бештар ҷиноят содир кардааст.

Бобоҷони Қаюмов, равоншиноси тоҷик.
Бобоҷони Қаюмов, равоншиноси тоҷик.
Шумораи худкушиҳо дар соли 2012 назар ба соли 2011 зиёдтар шуда, то ба 460 ҳодиса дар сол расидааст. Инчунин қатлҳои пурсарусадои падар аз тарафи писар ё баръакс ва куштор барои надодани қарз иттифоқ афтодаанд.

Равоншиноси тоҷик Бобоҷон Қаюмов, мегӯяд дар Тоҷикистон теъдоди муайяни одамон имсол аз лиҳози иқтисодӣ ва шароити иҷтимоӣ ба дастовардҳо ноил гардиданд: "Аммо аксарияти мардум аз ҳисоби равонӣ дучори мушкилӣ буданд ва имрӯз таҳдиди равонӣ дар ағлаби мардуми Тоҷииктсон вуҷуд дорад. Муҳоҷират, баланд рафтани нарху наво ва мушкилоти хонаводагӣ ба равони мардум таъсири манфӣ гузоштанд. Фишорҳои равонӣ дар ҷомеаи мо афзоиш ёфтанд."

Дар чунин фазо аҳолии Тоҷикистонро рӯҳияи кӯчбандӣ аз Ватан фаро гирифтааст. Бино бар яке аз назарсанҷиҳо, зиёда аз 60 дарсади пурсидашудагон дар Тоҷикистон гуфтаанд, бо истифода аз камтарин имконият омодаанд, кишварро барои ҳамеша тарк кунанд.
XS
SM
MD
LG