Чунон ки дар сайти раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар дода мешавад, дар ин ҷаласа, минҷумла, ҳисоботи раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Маликшо Неъматов доир ба рафти татбиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни мулоқот бо варзишгарони кишвар 20-уми декабри соли 2010-ум баён гардидаанд, шунида шуд.
Тавре дар ҷаласа зикр гардид, тибқи ин супоришҳо Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2011-2015 қабул гардида, маблағгузории соҳа 2 баробар афзун шуд. Дар доираи татбиқи барномаи мазкур ва ҳамчунин бо ташаббуси вазорату идораҳои давлатӣ ва соҳибкорони фаъоли кишвар дар ҷумҳурӣ бо харҷи беш аз 242 миллион сомонӣ наздики 2400 иншооти варзишӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, аз ҷумла 21 иншоот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 318 иншоот дар вилояти Суғд, 557-то дар вилояти Хатлон, 332-то дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 19 иншоот дар шаҳри Душанбе.
Танҳо бо маблағгузории Мудирияти сохтмони иншооти ҳукуматӣ дар 8 шаҳру ноҳияи кишвар варзишгоҳҳои бузург дар ҳоли сохтмон қарор доранд, ки 5-тоаш дар соли 2013 мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.
Ин аст, ки дар солҳои 2011-ум ва 2012-ум варзишгарони тоҷик дар 131 мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ иштирок намуда, 641 медал, аз ҷумла 179 медали тилло, 188 нуқра ва 274 биринҷӣ ба даст оварданд.
Раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини оммавияти васеи варзишу тарбияи ҷисмонӣ ва пурзӯр намудани тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар миёни мардум, ба хусус ҷавонону наврасон, як зумра дастуру супоришҳои иловагӣ дод. Таъкид гардид, ки барои рушди тамоми намудҳои ба шароити Тоҷикистон мувофиқи варзиш, хусусан, варзиши сабук, тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардад ва ҷавонону наврасон ба ин кор ҳавасманд карда шаванд.