Дар ин дидор дар мавриди ёфтани роҳи ҳали поёни даргириҳои 21-моҳа дар ин кишвари арабӣ, гуфтугӯҳо сурат гирифтааст.
Ба гузориши хабаргузории Франс-пресс, Ахзар Иброҳимӣ пас аз ин дидор ба хабарнигорон гуфт, ки «Башор Асад назароти худро дар робита ба вазъи мавҷуда баён кард ва ман ҳам дар бораи мулоқотҳоям бо раҳбарони минтақа ва хориҷ аз минтақа, ба ӯ иттилоъ додам.»
Намояндаи вижаи СММ ва Иттиҳодияи Араб бо изҳори ин, ки вазъияти Сурия «ҳамоно нигаронкунанд» аст, афзуд ки «тамоми тарафҳо ба роҳи ҳалле тамоюл доранд, ки мардуми Сурияро ба ҳам наздик созад.»
Ахзар Иброҳимӣ ба тозагӣ дидорҳое бо мақомоти рус ва амрикоӣ дар мавриди Сурия дошт -- ду кишваре, ки мақомҳои онҳо дидгоҳҳои мухталиф дар мавриди вазъияти Сурия доранд.
Ин саввумин сафари Ахзар Иброҳими ба Димишқ аст ва ӯ ин бор ба хотири даргириҳои мусаллаҳона дар наздикии фурудгоҳи Димишқ, ночор шуд аз роҳи заминӣ ва аз тариқи Лубнон вориди Сурия шавад.
Ҳамон тавре, ки Куфӣ Анон, намояндаи вижаи пешини СММ муваффақ нашуда буд тағйире дар вазъияти сиёсии Сурия биёрад, Ахзар Иброҳимӣ, ҷойнишини ӯ низ то кунун дар ин замина ба мувафақияте даст наёфта ва ду тарафи даргириҳо ҳамчунон тамоюле ба музокироти оштии миллӣ аз худ нишон надодаанд.
Мухолифони Башор Асад тайи моҳҳои ахир дар набард алайҳи нерӯҳои давлатӣ пешрафтҳое доштаанд ва бо дар даст доштани бахшҳое аз шимоли Сурия, дар ҳоли ҳозир саргарми ҷанг бо нерӯҳои артиши Асад дар атрофи Димишқ мебошанд.