Тибқи назарпурсиҳо, ки «Зеркало», аз 5-ум то 13-уми декабри соли равон, миёни сокинони аз 16- сола болои Тоҷикистон гузарондааст, дустдоштатарин сарояндаи мардуми Тоҷикистон Нигина Амонқулова будааст.
Миёни садҳо мусоҳибони «Зеркало» 15 дарсадашон Нигина Амонқуловаро беҳтарин сарояндаи Тоҷикистон гуфтаанд. Садриддини Наҷмиддин 12 дарсади овозҳо, Нозияи Кароматулло 11, Шабнамаи Сурайё 10, Афзалшо Шодиев 6 ва Манижа Давлатова 5 дарсади овозҳоро соҳиб шудаанд.
Дар миёни барномаҳои телевизионии Тоҷикистон, аз ҳама сертамошобин ахбор будааст. 15 дарсади мусоҳибони «Зеркало» гуфтаанд, бештар дар телевизиони тоҷик, барномаи ахборро тамошо мекунанд. 5 дарсад худро тамошобини консертҳо ва 3 дарсадӣ худро ҳаводорони барномаҳои «Мумтоз», «Лаззат» ва «Кошона» муаррифӣ кардаанд.
Дар сархати дӯстдоштатарин барандаи телевизионии мардуми Тоҷикистон, Талабшо Муқимов, корманди ТВС қарор дорад, ки 15 дарсади овозҳоро соҳиб гардиддаст. Ба тарафдории Орзу Исоев 4 дарсад, Мунира Ҳакимова 3 дарсад, Мунира Раҳимова ва Дилафрӯз Сатторова 2 дарсадӣ овоз додаанд.
«Зеркало» дар натиҷаи омӯзиши афкори мардум ба қатори сегонаи серхонандатарин нашрияҳои Тоҷикистон, «Оила», «Ҷумҳурият» «Муҳаббат ва Оила»-ро ворид кардааст. 19 дарсади пурсидашудаҳо гуфтаанд, аз ҳама зиёд «Оила» мехонанд ва 8 дарсадӣ худро хонандаи «Ҷумҳурият»- у «Муҳаббат ва Оила» муаррифӣ кардаанд. «Азия Плюс» ва «Чархи гардун» 4 дарсадии овозҳоро гирифта, мувофиқан дар ҷойҳои 4 ва 5 қарор доранд.
Маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало» дар Тоҷикистон аз моҳи ноябри соли 1999-ум фаъолият карда, айни ҳол калонтарин марказ дар бахши омӯзиши афкори омма арзёбӣ мегардад.