Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфиёти ҳайратангези олимон дар соли 2012


Соли 2012 ҷаҳониён шоҳиди натиҷаҳои ҳайратангези озмоишҳои илмӣ ва пешрафтҳо дар арсаи фанновариҳои навин шуданд.

Аз ҷумла имсол пас аз ҳашт моҳи саёҳат Куриёзити, ковишгари НАСА, Оҷонси кайҳоншиносии Амрико, беосеб ва ба шевае дар сатҳи Миррих фуруд омад, ки то ҳол таҷриба нашуда буд. Ин ковишгари тақрибан яктоннагӣ ва муҷаҳҳаз бо абзорҳои пешрафта, ки барои боз кардани муаммоҳои Миррих ба онҷо фиристода шудааст, баъди озмоиши рег дар ин сайёра моҳи сентябр ошкор кард, ки як замоне ҳам Миррих мисли Замин рӯдхона доштааст. Ребекка Вилямс, аз донишмандони НАСА гуфт, "ин сангрезаҳое, ки мебинем, шакли давраро доранд ва ҳамвазнанд. Онҳоро бод наметавонист ба инҷо биёрад, зеро бузурганд. Аз ин рӯ мо иттифоқи назар дорем, ки ин сангрезаҳоро маҷрои қавии об овардааст."

Дигар аз кашфиёти фавқуллодаи соли 2012 низ ба коинот иртибот мегирад ва ба зарраҳои Ҳигз, ки ба гуфтаи донишмадони физик мумкин аст, чӣ гуна вазн гирифтани моддаро нишон диҳад. Ҷо Инкандела дар Суръатфизои бузурги атомии Аврупо кор мекунад, ки бо харҷи 10 миллиард доллар дар Швейтсария бунёд шудааст. Ҷо Инканделла моҳи июл баъди ошкор кардани ин зарраҳо дар суръатфизои мазкур гуфт, ки онҳо акнун медонанд, ки “матои коинот” аз чӣ иборат аст:
“Ин як озмоиш барои таҳқиқи зарраҳои нодиру қадимтарин буд. Аз ин рӯ бояд дар ёд дошт, ки натиҷаҳо ҳоло аввалия, вале ба андешаи мо хеле қавианд. Натиҷаҳои бисёр собит аст, вагарна мо онҳоро муаррифӣ намекардем."

Арзёбиҳои баъдӣ ҳам нишон додаанд, ки зарраҳои ошкоршуда дар суръатфизои бузури аврупоӣ, зарраҳои Ҳигз ҳастанд. Ин зарраҳо ҳатто агар натавонанд, чӣ гуна вазн гирифтани моддаро нишон бидиҳанд, вале ба ҳар сурат, кашфиёти мазкур, аз ҷумлаи бузургтаринҳои аср дониста мешавад.

Дар озмоишгоҳи дигаре дар Амрико, ба донишмандон муяссар шуд, ҳароратеро ба вуҷуд оранд, ки дар дили Хуршед ҳам нест. Онҳо зарраҳои тиллоро, дар шароити озмоишгоҳӣ ба ҳам кӯбиданд ва ҳарорати 4 триллион дараҷаи Селсийро ҳосил карданд, ки 250 ҳазор маротиба доғтар аз ҳарорати мағзи Офтоб аст.

Берун аз озмоишгоҳҳо табиатшиносон ғукеро дар ҷангалзорҳои Гвинеяи Нав ёфтанд, ки 7,7 миллиметр ва ё баробари магас аст.

Ғаввосии беназири коргардони филми “Титаник”, Ҷеймс Кемерон ҳам шоистаи ёдоварист, ки ба умқи Мариана, амиқтарин гӯшаи курраи Замин дар Уқёнуси Ором рафт, ки бештар аз 11 километр аст. Ҷеймс Кемерон худаш танҳо ба он ҷо поён шуд ва чанд ҷондори ношиносро ҳам дид.

Дар арсаи тиб ҳам дастовард кам набуд. Мутахассисони Бритониё моҳи апрел як таҳқиқи васеи генетикии бемории саратони синаро нашр карданд, ки нишон додааст, худи ин беморӣ ба даҳ навъи алоҳида тақсим мешавад. Таҳқиқи мазкур метавонад ба дармони саратони сина ва роҳҳои фурӯ нишондани он мусоидат кунад. Мутахассисони амрикоӣ ҳам гуфтанд, ки ба офаридани аъзои бадани инсон аз роҳи сунъӣ наздик шудаанд ва аз ҷумла ҷигареро ба ҳамин роҳ офаридаанд.

Дар арсаи муҳандисиву фанноварӣ, принтер ва ё чопгари себӯъдӣ аз соли 2012 мерос мемонад, ки метавонед, дар он ашёро ба шакли секунҷаву чаҳоркунҷа ва ё ҳар чизи дигареро чоп кунед. Ба гуфтаи муҳандисон, мумкин аст, чопгари себӯъдӣ соли 2013 барои истифодаи маъмулӣ ба фурӯш гузошта шавад, ки қимати навъи маъмулии он камтар аз 3 ҳазор доллар хоҳад буд. Брайан Баррет, сардабири Гизмодо, як блоги пурхонандаи амрикоӣ дар бораи фанновариҳои навин мегӯяд, “ба ҷойи чоп кардан дар коғаз, ба чопгари себӯъдӣ, каме пластики нарм мерезед ва дастури лозимиро ба он медиҳед ва ҳар шакле, ки хоҳед чоп мекунад, масалан, як асбоб ва ё намунаи Кохи Сафедро. Метавонед аз интернет шакли ҳар навъ ашёро ба компютери худ бирезед ва сипас ба чопгари себӯъдӣ бифристед. Чунин чопгар вобаста ба ҳаҷми ашё, онро дар зарфи чанд дақиқа ва ё соат чоп мекунад. Шигифтовар ин аст, ки қудрати ин принтер ба мисли тахаюли инсон беохир аст."

Дигар аз абзорҳои ҷолиб имсол таблет ё лавҳҳои электронии нав буд, ки ширкатҳои мухталиф вориди бозор карданд. Дар ин миён нармафзори Виндовз-8-ро метавон ном бурд, ки дар телефонҳои ҳамроҳ ва таблетҳо ҳам ба кор меравад. Гуфта мешавад, солҳои оянда таблетҳо ҷойи компютерҳои маъмулиро танг хоҳанд кард.

Шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам соли 2012 ба қавле “бехабар” набуданд ва бузургтарини онҳо Фейсбук моҳи октябр эълом кард, ки корбаронаш аз марзи як миллиард нафар ҳам гузаштанд.
XS
SM
MD
LG