Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барфи аввал заъфи омодагиҳо ба зимистонро нишон дод


Хонандагони мактаби шумораи 15-и ноҳияи Рӯдакӣ.
Хонандагони мактаби шумораи 15-и ноҳияи Рӯдакӣ.

Барфи аввал, вале кӯтоҳмуддат дар рӯзи 14-уми декабр нишон дод, ки макотиби навоҳии Тоҷикистон имсол ҳам ба фасли сармо омода нестанд.

Дар ноҳияҳои атрофи Душанбе бо вуҷуди гузоришҳои масъулон, аз омодагии пурраи макотиб, мактаббачаҳо ҳамоно бе либосу кулоҳҳои гарм наметавонанд дохили синфхонаҳо бишинанд.

Мактаби рақами 15, яке аз калонтарин мактабҳои ноҳияи Рӯдакӣ аст, ки 2500 нафар хонандаро дар бар мегирад. Барфи аввали зимистони имсола ҳарчанд кӯтоҳмуддат буд, хонандагони ин мактабро ҳам каме дар ҳарос гузоштааст ва онҳо зуд либосҳои ғафстари худро ба бар намудаанд.

Чаманоро, толибаи синфи 11-и мактаби мазкур, мегӯяд, дар синфи онҳо бухорӣ нест. Ӯ мегӯяд ягона умеди гармӣ барояшон офтоб боқӣ мондааст: «Синфамон аз тарафи офтобрӯя ҳаст ва он қадар сард намешавад. Боз мо дар синф бисёр ҳастем ва синф худаш гарм мешавад.»

Ба фарқ аз толибилмони синфҳои болоӣ, дар ин мактаб ба хонандагони синфҳои поёнӣ ғамхории бештар зоҳир мешавад. Дар синфҳое, ки хонандагони нисбатан хурдсол таҳсил менамуданд, оташи бухориҳояшон рӯшан. Синфхонаҳое низ буданд, ки бухорӣ дар онҳо сард ва беоташ буд.

Хуршед Ҳакимов, омӯзгори мактаби рақами 15, ки худ дар ин дабистон таҳсил намудааст, шароити мактабро дар ин авохир нисбат ба солҳои пешин хуб арзёбӣ мекунад. Хуршед баъд аз хатми Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ба ҳайси омӯзгори фанни забони русӣ ба мактаби худ омад ва тайи ҳафт сол аст, ки дар тарбияи насли наврас саҳм мегузорад. Ӯ мегӯяд ба фарқ аз солҳои мактабхониаш, ҳоло ҳамаи имкониятҳо барои талабагон фароҳам оварда шудааст.

Мувофиқи иттилои масъулин дар мактаби рақами 15-и ноҳияи «Рӯдакӣ» барои зимистонгузаронӣ 10 тонна ангишт ва 5 метри мукааб ҳезум захира шудааст. Ба гуфтаи директори ин мактаб, Гулнора Меликова, феълан дар мактаб аз 32 синфхона ҳудуди 25-тои он бо бухориҳои «бобоӣ» ва 17-тоаш бо бухориҳои барқӣ таъминанд. Хонум Меликова афзуд, ба ҳар як синфхона дар як рӯз 6 килограми ангишт пешбинӣ шуда ва бар замми ин то соати 10-и субҳ нерӯи барқ медиҳанд, ки имкон медиҳад аз бухориҳои барқӣ низ истифода шавад. Ӯ сабаби насб нашудани бухориҳоро дар баъзе синфҳои болоӣ дар он гуфт, ки шумораи бачаҳо зиёд аст ва шароит барои насби бухорӣ нест.

Зимнан, тибқи иттилои Вазорати маорифи Тоҷикистон барои зимистонгузаронӣ тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар кишвар бо ангишт ва дигар сӯзишворӣ таъминанд.

Дар ҳамин ҳол, тирамоҳу зимистони соли 2012 - 2013 талаботи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба ангишт бештар аз 35, 5 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта қариб 1000 тонна зиёд аст. Сабаби инро Вазорати маориф ба беҳтар шудани таъминоти ангишт ба мактабҳо унвон кард.

Омодагии мактабҳои Тоҷикистон ба зимистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:59 0:00
XS
SM
MD
LG