Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргирии нерӯҳои амниятӣ бо қочоқбарон дар марз


Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон аз вуруди як гуруҳи қочоқбари афғон ба кишвар ҷилавгирӣ кардааст. Ин ниҳод мегӯяд, дар пайи як амалиёти муштарак бо неруҳои марзбонӣ вуруди як гуруҳи қочоқбари афғон, ки талош доштанд, беш аз 200 кило маводи мухадирро ба қаламрави Тоҷикистон интиқол диҳанд, ҷилавгирӣ кардаанд.

Нозирҷон Бӯриев, сардори Маркази робита бо ҷомеаи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, рӯзи 13-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин амалиёт 10-уми декабр дар минтақаи Панҷ сурат гирифт. Ба қавли Бӯриев гуруҳи қочоқбар муқобилияти шадид нишон доданд, ки дар натиҷа як нафар аз қочоқбарон кушта ва як нафари дигар захмӣ шудааст. Дар ҷои ҳодиса 176 кило ҳашиш ошкор ва муосодира гардидааст.

Нозирҷон Бӯриев дар сӯҳбат бо мо афзуд, дар ҳоли ҳозир амалиёти густурда алайҳи гуруҳҳои қочоқбар идома дорад. Ӯ мегӯяд, дар доираи ин амалиёт инчунин рӯзи 10-уми декабр кормандони амниятӣ дар минтақаи марзии Қумсангир як шаҳрванди Афғонистон, Шамсиддин валади Холмурод, сокини деҳаи Арханкули вулусволии Имомсоҳибро бо 10 кило афюн бозошт кардаанд. Ба қавли ӯ, дар натиҷаи пиёда кардани се амалиёт тайи се рӯзи охир 225 кило маводи мухаддир мусодира шудааст.
XS
SM
MD
LG