Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Писарам дар зиндон баданашро бо теғ чок кардааст"


Уғулой Болтабоева, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа
Уғулой Болтабоева, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа

Модари як маҳбуси зиндони шаҳри Хуҷанд шикоят аз он дорад, ки писараш бар асари шиканҷа ва бадрафтории маъмурони маҳбас, чанд ҷои баданашро бо алмос чок кардааст.

Уғулой Болтабоева, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, рӯзи 10-уми декабр ба Дафтари Радиои Озодӣ омада, шикоят кард, ки писараш Қурбоналӣ Болтабоев ба лату кӯб ва шиканҷаи кормандони маҳбаси Хуҷанд тоб наоварда, бо алмос гардану шикамашро чок кардааст.

Хонум Болтабоева меафзояд, аз рӯзе, ки писарашро ба маҳбаси Хуҷанд интиқол доданд, ӯ дар суҳбати телефонӣ аз шиканҷаи кормандони маҳбаси Хуҷанд шикоят мекард. Ба нақли Уғулой Болтабоева, бародари Қурбоналӣ ҳафтаи гузашта ба Хуҷанд рафта, бо вай чанд соат мулоқот кардааст. "Пас аз бозгашти бародараш, ӯ рӯзи шанбеи гузашта занг зада гуфт, ки аҳволаш бисёр бад асту бадрафтории кормандони маҳбаси Хуҷандро таҳаммул карда натавониста, худашро теғ задааст",-гуфт ӯ.

Уғулой Болтабоева таъкид мекунад, ки пули ба Хуҷанд рафтанро надорад ва бо шунидани ин ҳолати писараш, вазъи саломатии худи ӯ низ бисёр бад шудааст. Ӯ гуфт, ночор ба Радиои Озодӣ омадааст, то аз тариқи ин радио ба президент Эмомалӣ Раҳмон ва ба Додситони кул Шерхон Салимзода муроҷиат кунад, ки ба қазияи фарзандаш расидагӣ кунанд.

Дар ҳамин ҳол, масъули Дафтари матбуоти Раёсати ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон Одинашо Муродов аз қавли ҷаноби Авазов, сардори маҳбаси шаҳри Хуҷанд, гуфт, ки воқеан дар таърихи 7-уми декабр Қурбоналӣ Болтабоев баъд аз муноқиша бо кормандони маҳбас, худаш бо алмос чанд ҷои баданашро захмӣ кардааст. Кормандони ин маҳбас Қурбоналӣ Болтубоевро дар беморхонаи зиндон бистарӣ намуда, ӯро мавриди муолиҷаи табибон қарор доданд.

Имрӯз Қурбоналӣ Болтубоев аз бемористон мураххас шуда, дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор дорад ва аз тарафи додситони назоратӣ мавриди пурсишу санҷиш қарор мегирад. Одинашо Муродов гуфт, "феълан ӯ ягон камбудӣ надорад, аз тарафи касе ҳам маврид озод қарор нагирифтааст, баръакс, худаш худашро захмӣ кардааст."

Қурбоналӣ, фарзанди Уғулой Болтабоева, дар соли 2008 барои дуздию роҳзанӣ аз тарафи Додгоҳи олӣ ба муддати 24 сол аз озодӣ маҳрум карда шудааст. Дар афви соли 2011 ду сол аз муҳлати адои ҷазои ӯро кам кардаанд. Дар авоили моҳи октябр Қурбоналӣ Болтабоев ҳамроҳи беш аз 20 маҳбуси дигар аз зиндони рақами аввали пойтахт ба маҳбаси шаҳри Хуҷанд интиқол дода шудаанд. Ин дар ҳолест, ки волидони як гуруҳи дигар аз маҳбусони зиндони шаҳри Хуҷанд ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки наздикони маҳбусашон навори видеоии сӯҳбату осори шиканҷаи кормандони ин зиндонро нисбат ба маҳбусон ба ихтиёри онҳо гузоштаанд, ки ба васоити ахбори оммаи кишвар бирасонанд ва пахш кунанд.

Дар ин навор маҳбусҳо Маҳмадтолиб Зоҳиров, Аслиддин Маҳмадов, Наҷмиддин Муҳиддинов ва дар маҷмуъ 9 маҳбуси зиндони шаҳри Хуҷанд, дар суҳбат бо як нафари ношинос дар маҳбас бо телефони ҳамроҳ навори видеоии осори латту кӯб дар бадани худро нишон медиҳанд ва аз бадрафториҳои кормандони маҳбас қисса мекунанд.
XS
SM
MD
LG