Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилтангӣ барои СССР- дӯкони носталжӣ дар Душанбе


Дар пойтахти Тоҷикистон ҳоло ҳафт мағозаи молу ашё ва рамзҳои давлатии замони Иттиҳоди Шӯравӣ дари худро ба рӯи харидорон боз кардаанд.

Дар ин фурӯшгоҳ ордену медал, нишонаҳои сарисинагӣ, фотоаппаратҳои давраи Шӯравӣ, радио, телевизион, билети партиявӣ, либосҳои низомӣ ва варақаю гоҳномаҳои таблиғотии замони Шӯравиро пайдо кардан мумкин аст.

Нусрат Раҳимов, яке аз моликони дӯкони фурӯши осори даврони Шӯравӣ мегӯяд, ӯ фаъолияташро аз моҳи апрели соли равон оғоз кардааст. Нусрат Раҳмов мегӯяд, "ин дӯконро аслан падарам ташкил карданд. Дар ин дӯкон он молҳои замони Шӯравӣ, ки падарам доштанд, ба фурӯш гузоштем. Баъдан одамони алоҳидае низ бархе аз ашёҳои боқимонда аз Шӯравиро ба мо оварда месупоранд то ки мо онро фурӯшем. Харидоронамон ҳам хориҷиёнанд ва ҳам шаҳрвандони дохили Тоҷикистон. Аз дохили кишвар бештар сокинони Бадахшон, ноҳияи Восеъ ва вилояти Суғд молу рамзҳои замони Шӯравиро мехаранд."

Дар чанд лаҳзае, ки мо бо Нусрат сӯҳбат мекардем, чандин харидори умдатан калонсол аз дӯкони ӯ дидан карда бо дидани расми Ленин, Карл Маркс ва галстуки пионерӣ ва комсомолӣ қиёфашон тағйир меёфту аён буд, ки хаёли онҳо ба ёди он рӯзгор парвоз кард.

Ба гуфтаи Нусрат, хориҷиҳо аслан ба медалу орденҳои сарисинагӣ таваҷҷӯҳ мекунанд, вале сокинони Тоҷикистон сурати Карл Маркс, Фридрих Энгелс, либосҳои гуногуни низомӣ ва парчами Шӯравиро мехаранд.

Чаро таваҷҷуҳ ба осори Шӯравӣ бештар шудааст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:27 0:00

Сарвиноз Зокирова, як зани миёнсоли тоҷик, ки бо диққат молу ашёи аз Шӯравӣ меросмондаро аз назар мегузаронд, мегӯяд, то ҳол ёди он давронро мекунад ва Шӯравиро беҳтарин давлат дар таърихи миллати тоҷик мешуморад. Вай гуфт, масалан, мо аз 60 то 90 нафар хатмкунадаи як мактаб будем. Ягон нафар дар сар андешаи ба куҷо ва ба кадом кишвар ё шаҳр барои кор рафтанро надошт. Аз якдигар мепурсидем, кӣ ба куҷо ҳуҷҷат месупорад. Ҳоло дар вақти хатми мактаб мегӯянд, ки як ду-сол ба муҳоҷират меравам, пул ҷамъ карда баъд ба Донишгоҳ шомил мешавам. Ин гапҳо дар Шӯравӣ набуд.

Хонум Зокирова афзуд, муҳимтар аз ҳама агар Шӯравӣ пойдор мемонд, имрӯз вай соҳиби кори хубе мебуд ва дар шароити дигаре зиндагӣ мекард ва касе дар муҳоҷират не, балки дар ватани худ, яъне дар гӯшаву канори Шӯравии паҳновар озодона мегашт ва кору фаъолият мекард ва касе ӯро ба чашми кам намедид.

Дар ҳамин ҳол, Шодӣ Шабдолов роҳбари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон мегӯяд, ҳасрати даврони Шӯравӣ тӯли 20 сол кам нашуд, чунки он давлат воқеан халқпарвар буд. Ба гуфтаи Шодӣ Шабдолов, мардум ҳеҷ гоҳ давлати Шӯравӣ ва некиҳои онро аз ёд нахоҳанд
Шодӣ Шабдолов, раиси ҲКТ ва вакили МН Тоҷикистон.
Шодӣ Шабдолов, раиси ҲКТ ва вакили МН Тоҷикистон.
баровард. Чунки ин давлати нафарони коргару заҳматкаш буд, на ҳокимияти муфтхӯрону истисморгарон. Аз низоми кунунӣ ҳоло танҳо чанд фисади ками одамон, ки сарватҳои миллиро аз худ карданд маъқул ҳасту халос. Мардуми заҳматкаш бошад ҳамеша ёди он давронро мекунад.

Ҷаноби Шабдолов афзуд, ки танҳо дар шаҳри Душанбе дар солҳои охири Шӯравӣ ҳар сол 30 ҳазор манзил сохта, ройгон ба мардум дода мешуд, ки ин корро ҳукумати кунунӣ дар 20 соли мавҷудияташ накардаст. Аммо Шабдолов гуфт, ӯ муқобили фурӯши медалҳои замони шӯравист, чунки онҳоро соҳибонашон дар Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ бо заҳматҳои сангин дарёфт кардаанд.

Ҷомеашиносон носталжии насли калонсол ба даврони Шӯравиро ба сахтиҳои зиндагии имрӯза бастагӣ медиҳанд. Тавре назарпурсиҳо нишон медиҳанд, дар кишварҳои пасошӯравие, ки сатҳи зиндагӣ хуб аст, мисли кишварҳои Соҳили Болтик мардум камтар ёди Шӯравӣ ва он низомро мекунанд.
XS
SM
MD
LG