Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марям Сафарова ва тасвири "панҷ эҳсоси зани тоҷик"


Мусаввараи "Ғуломони асри 21"
Мусаввараи "Ғуломони асри 21"

Марям Сафароваро натанҳо ҳамчун ягона зани наққош дар вилояти Хатлон, балки бештар ба унвони муалифи мусаввараи "Панҷ эҳсоси зан" мешиносанд, ки дар доираҳои фарҳангшиносон "шоҳасар" (шедевр) номида мешавад.

Яке аз чеҳраҳо дар ин мусаввара ҳолати руҳии зани обида ва муросокунанда бо пешомадҳои рӯзгорро нишон медиҳад. Дар чашмони зани дигар, ки тоза модар шудааст, рамзи хушбинӣ ба оянда ҳувайдост, аммо дар симои зани севум дар мусаввара яъсу ноумедӣ ва дар зоҳири дигаре пирии руҳу равони зани тоҷик намудор аст.

Марям Сафарова мегӯяд, ин асарро пас аз 25 соли дур аз наққошӣ будан офаридааст. Манзараҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ, азоби гуруснагӣ ва сахтии рӯзгори ҳазорон зани тоҷик дар даврони ҷанг хонум Марямро дубора қаламбадаст кардааст. Ӯ гуфт, "соли 2000, вақте дубора ба рассомӣ пардохтам, аз ғами пури дилам аввалин асарам ба тасвири азобҳои заноне, ки дар вақти ҷанг кашидаанд, бахшида шуд. Ҳазорон чеҳра ба ҳазорон муҳтаво дида мешуд замони ҷанг, аммо панҷ ҳолати руҳии занро кашидам, ки аз нигоҳи ман бештар зоҳир мешуданд. Ин асарро хориҷиён маъқул карданд, азбаски одамони санъатшинос буданд, барояшон ин мусаввараро бепул ҳадя кардам."

Марям Сафарова
Марям Сафарова
Ба гуфтаи Марям, муаллифи асари мазкур, ҳоло нусхаи аслии ин мусаввара дар Амрико, дар бинои яке аз созмонҳои байналмилалӣ, ба маъраз гузошта шудааст. Марям Сафарова бештар чеҳраи занони тоҷикро ба риштаи тасвир мекашад, ки ба иддаои таҳлилгарон, асарҳояш дорои фалсафаи амиқ ва муҳтавои ғанӣ ҳастанд.

Хайрулло Давлатов, раиси бахши хатлонии Иттиҳодияи дизайнерони Тоҷикистон, дар мавриди вижагиҳои офаридаҳои Марям мегӯяд: "Вай «ҳусни хат» ё ба забони жанри рассомӣ «почерк»-и худро дорад. Ӯ дар олами рассомӣ шахсият шудааст, такрори дигарон нест, офаридаҳояш саропо рамз ҳастанд, тақлид дар асарҳои ӯ нест." Дар Асарҳои Марям Сафарова зери номи «Қуи хобида», «Дар интизорӣ…», «Ғуломони асри 21», «Ҳар кас ҷодаи худро дорад» ва мисли ин асосан чеҳраҳои аслӣ, рӯзгори сахту сангин ва таҳаммулпазирии беназири занони тоҷик дар ҳоли пахтачинию тиҷорат дар бозор, дар ҳоли интизории шавҳарони муҳоҷиру эҳсоси танҳоӣ бо фарзанд, мунъакис шудаанд.

Коршинос Хайрулло Давлатов мегӯяд, аксари мусаввараҳои Марям Сафарова хислати иҷтимоӣ доранд ва як сабаби пурхаридор буданаш ҳам шояд ҳамин аст. "Хеле гуворост вақте мебинед, ки зани тоҷик дар жанре, ки дар рассомӣ «станковая живопись» меноманд, усто шуда, расмҳои калонҳаҷм бо рангҳои равғанӣ мекашад. Ҳоло ҳарду осорхонаи вилоятӣ ва шаҳрӣ асарҳои Марямбонуро харида, ба маъраз гузошта шудаанд. Шояд имрӯз асарҳои ӯро ба қадри кофӣ қадр накунанд, аммо бо гузашти солҳо, албатта гавҳаршиносон баҳои ҳаққониро ба офаридаҳои ӯ хоҳанд дод",-мегӯяд ӯ.



Ба гуфтаи Хайрулло Давлатов, асарҳои хонум Марям қимати баланди фарҳангӣ доранд, аммо хонум Марям дар аксар маврид мусаввараҳояшро ба гавҳаршиносону мухлисони осораш ройгон (бепул) ҳадя мекунад. Осорхонаи таърихию кишваршиносии «Бибихонум»-и шаҳри Қӯрғонтеппа, фаразан, 12 асари хонум Сафароваро бар ивази ҳамагӣ 300 доллари амрикоӣ харидааст, дар ҳоле ки қимати аслии он камаш 12 ҳазор доллари амрикоӣ арзёбӣ мешавад.

Ҳоло мушкили аслии Марям Сафарова ин аст, ки наметавонад ҳосили кори худро ба тамошои мухлисони асарҳои тасвирӣ пешкаш намояд. Ташкили намоишгоҳи вижа сарфи маблағи барои марям ҳангуфтеро мехоҳад. Ин дар ҳолест, ки хонум Марям ҳатто коргоҳи дурусте барои анҷоми эҷодкорӣ дар ихтиёр надорад. "Баҳору тирамоҳро интизор мешавам. Зеро ин ду фасли беҳтарин аст бароям, ки метавонам озоду орому роҳат дар ҳавои соф машғули эҷод шавам. Дар хона пури кӯдак, шарити кор нест, тобистонӣ ҳам дар кӯча кор карда намешавад, гарм аст. Аз ин рӯ, баҳору тирамоҳро мешавад гуфт, ки мавсими эҷодкориҳои мананд",-мегӯяд ӯ.

Марям Сафарова, ягона зани рассоми ҳирфаӣ дар вилояти Хатлон, мегӯяд, рангҳо зиндагиро барояш осону фаҳмо мекунад, ҳар гоҳе мӯқаламро ба даст гирад, эҳсоси парвози хаёл, рӯшаншавии дунё ва шодии беинтиҳо замирашро фаро мегирад. Китоб ва оҳангҳои Гугушро ягона ҳамдами худ медонад, чун маҳз ин ду чиз барояш илҳом ва мавзӯъ барои эҷодро ҳадя мекунанд.
XS
SM
MD
LG