Имрӯз боздиди Кэтрин Эштон-раиси сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо аз Гурҷистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ оғоз мешавад.
Қарор аст вай имрӯз дар Гурҷистон мулоқотҳое анҷом диҳад. Рӯзи сешанбе аз Қирғизистон, рӯзи чаҳоршанбе аз Узбакистон, рӯзи панҷшанбе аз Тоҷикистон ва рӯзи ҷумъа аз Қазоқистон боздид мекунад.
Эштон дар мусоҳибае ба радиои Озодӣ гуфт, вай дар Гурҷистон аз ҷонибҳои мухталиф хоҳад хост, ки онҳо баъд аз интихоботи порламонии моҳи октябр аз манофеи умумӣ ҳимоят кунанд.
Эштон гуфт, вай ба нақша гирифтааст, ки дар Осиёи Марказӣ аз “ҷомеаи шаҳрвандӣ ва пешрафти ин кишварҳо дар роҳи рушди иқтисодӣ” дифоъ кунад.
Хонум Эштон бори аввал дар мақоми раҳбари сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ боздид мекунад.
Ҳомиёни ҳуқуқи башар аз Эштон даъват карданд, ки бо мудофеони ҳуқуқи башари Осиёи Марказӣ мулоқот кунад ва аз мақомот ба таври ошкоро бихоҳад, ки фаъолони ҳуқуқи башарро, ки нодуруст ба зиндонҳо андохтаанд, раҳо кунанд.