Имрӯз дар Брусел раҳбарони 27 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо барои баҳси будҷети ин созмон ҷамъ шудаанд. Британия, Олмон ва дигар кишварҳои асосии таъминкунандаи будҷет даъват кардаанд, ки мутобиқ ба барномаҳои коҳиши хароҷоти баъзе кишварҳои узв будҷети Иттиҳодия низ коҳиш ёбад. Аммо кишварҳои нисбатан камбағали Аврупои шарқӣ мехоҳанд, ки будҷети солҳои 2014-2020-ум дар сатҳи феълӣ боқӣ монад ва ё ҳатто бузургтар шавад. Лоиҳаи пешниҳодшудаи будҷети Иттиҳодияи Аврупо ба 1 триллиону 91 миллиард евро баробар аст, вале президенти Иттиҳодияи Аврупо Ҳерман Ван Ромпуй пешниҳод кардааст, ки хароҷоти ин созмон тахминан 80 миллиард евро коҳиш ёбад.