Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон дар сегонаи раҳбарони хабарсози ИДА


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар сегонаи хабарсозтарин раҳбарони кишварҳои паосшӯравии ИДМ қарор гирифтааст. Феҳристи мазкур дар асосӣ назарсанҷии хабаргузории русии «Регнум» дар якҷоягӣ бо ширкати «Медиалогия» тартиб дода шудааст.Тибқи ин рейтинг, моҳи гузашта исми Эмомалӣ Раҳмон пас аз раҳбарони Белорус ва Укроин дар фазои иттилоотии пасошӯравӣ бештар аз дигарон зикр шудааст. Сафари Путин ба Тоҷикистон, зодрӯзи президент Эмомалӣ Раҳмон ва масъалаи тамдиди пойгоҳ, раиси ҷумҳури Тоҷикистонро ба мақоми севвуми ин рейтинг бурдааст. Ҳадаф аз ин пажӯҳиши ҳармоҳа, муайян кардани мақоми раҳбарони кишварҳои ИДМ дар фазои иттилоотии пасошӯравӣ унвон мешавад. Ин назарсанҷӣ дар ду самт - зикри номи раҳбарон дар расонаҳо ва ёдкарди мусбат ё манфӣ аз онҳо ҷараён мегирад.
XS
SM
MD
LG