Рӯзи сешанбе нерӯҳои Фаронса охирин амалиёти ҷангиашон дар вилояти Кописо, воқеъ дар шимолу шарқи Кобулро ба анҷом расонида, 400 афсару сарбозашонро аз ин вилояти стратегӣ берун кашиданд. Ин сарбозони Фаронса сар аз соли 2003-ум дар пойгоҳҳои Тагоб ва Неҷроб ҷойгир шуда буданд. Фаронса тасмим гирифтааст дар моҳи декабр, яъне ду сол пеш аз беруншавии расмии нерӯҳои байналмилалии кумаки амниятӣ ба Афғонистон (ISAF) воҳидҳои ҷангиашро аз Афғонистон берун барорад. Тахминан 2000 низомии Фаронса, ки дар Афғонистон боқӣ мемонанд, вазифаҳои ғайриҷангӣ иҷро намуда, ба гуфти мансабдорон то тобистони соли оянда ба ватанашон бармегарданд. Дар Афғонистон камаш 88 сарбози Фаронса ба ҳалокат расидааст. Рӯзи сешанбе Толибон беруншавии нерӯҳои Фаронсаро хуш пазироӣ намуда, иброз доштанд, ки нерӯҳои ISAF бояд ба онҳо пайравӣ кунанд.