Додгоҳи вилояти Суғд 8,5 сол ҳукми зиндони Зиёвиддин Ҷӯраев бо ҷурми пошидани кислота ба рӯи як қозии додгоҳи Исфараро ба қувваи худ боқӣ гузошт. Ин сокини 73-солаи Исфара дар моҳи июл ба нишони эътироз ба ҳалли, ба ақидаи ӯ, “ноодилона”- и баҳси манзилаш ба рӯи қозӣ Абдуҳамид Давронов кислота пошид. Дар натиҷа, 27 дарсади рӯи қозӣ сӯхта, ӯ баъди чанде аз мақоми додрасӣ канор рафт. Додгоҳи Шаҳристон моҳе пеш Ҷӯраевро бо ҷурми барқасдона расондани осеби ҷисмонӣ ва зӯроварӣ алайҳи додрас ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард.