Мақомоти тоҷик аз анҷоми бомуваффақити маъракаи «Ҳаҷҷ-2012» хабар доданд.
Ба иттилои котиби матбуотии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, мутобиқи барномаи «Ҳаҷ-2012», рӯзи 18-уми ноябр дар хатсайри Ҷидда-Душанбе, ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» охирин ҳоҷиёнро ба Душанбе овард. Бозгашти ҳоҷиён якуми ноябр шуруъ гардида, парвози аввалро ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» бо 182 нафар ҳоҷӣ анҷом дода буд. Дар маҷмўъ бобати интиқоли зоирин ба Ҳаҷ ширкатҳои ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» иштирок доштанд. Ёдовар мешавем, ки аз рўи барномаи «Ҳаҷ -2012» сафари зоирин ба Ҳаҷ аз 29-уми сентябр оғоз гардида то 19-уми октябр идома дошт. Бозгашт аз якуми ноябр шурӯъ гардида, дар таърихи 18-уми ноябр анҷом ёфт. Дар ин муддат Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба зиёда аз 5000 нафар ҳоҷӣ бо анҷом додани 53 рейс, хизматрасонӣ кардааст.