Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маросими видоъ бо сиёсатмадори миллатгарои Ҳинд


Даҳҳо ҳазорон нафар имрӯз дар шаҳри Бомбай дар маросими дафни Бол Такирай, сиёсатмадори миллатгарои Ҳинд, ҷамъ омадаанд. Бино ба гузоришҳо, мақомот барои таъмини амният дар маросими видоъ ва сӯзондани ҷасади ин сиёсатмадор 20 ҳазор маъмури пулисро сафарбар кардаанд. Дар Бомбай, ки маркази аслии тиҷоратии Ҳинд аст, тақрибан тамоми муассисаҳо баста шудаанд. Бол Такирай, ки аз мухолифони тундрави мусулмонон дар Ҳинд буд, рӯзи шанбе дар синни 86-солагӣ даргузашт. Ӯ соли 1966 бо ҳадафи роҳ надодани муҳоҷирон аз ҷануби Ҳинд ба аёлати Маҳараштра ва монеъ шудан ба густариши ислом ҳизби ростгарои Шив Сенаро таъсис дода буд. Ҳукумати Ҳинд, Бол Такирайро дар барангехтани адовати мазҳабӣ ва ошӯбҳо алайҳи мусулмонон дар Бомбай муттаҳам мекунад, ки дар соли 1990 ба вуқӯъ пайваст ва ҷони бештар аз 1000 нафарро гирифт. Аммо ӯро ҳеҷ гоҳ ба ҷавобгарӣ накашидаанд. Бол Такирай аз ҳиндуҳо хоста буд, ки барои ҳамла ба мусулмонон, бомбгузорони маргталаб омода кунанд.
XS
SM
MD
LG