Ёдовар мешавем, ки бозии «Истаравшан» бо «Энергетик»-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан ба иллати бетартибии футболбозону мухлисон дар дақиқаи 81-ум, замоне ки ҳисоб 1:1 буд, қатъ гардид.
Ин масъала дар ҷаласаи комиссияи коршиносии нозирону доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт. Ба иттилои раиси ин комиссия Мирзо Мамадҷонов, баъди тамошои сабти навори бозӣ маълум гаштааст, ки дар дақиқаи 81-ум бозигари дастаи “Истаравшан” Шӯҳрат Шамсиев ҳангоми задани тӯб ба дарвозаи “Энергетик” қоидаро вайрон намудааст, вале сардовар Баҳром Сайдуллоев голро ҳисоб кардааст. Барои ин хатои ҷиддӣ ӯ аз доварии бозиҳои мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон то охири мавсими соли 2012-ум маҳрум карда шуд.
Инчунин нозири ин бозӣ Қурбон Раҳимхоҷаев барои гузориши ғайрикасбӣ ва тафсири нопурраи далелҳо, ки боиси қатъ шудани бозӣ гаштаанд, аз нозирии бозиҳои мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон то охири мавсими имсола маҳрум карда шуд.
Қаблан ин ҳодисаи нохуш дар Кумитаи назорату интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон баррасӣ ва нисбати гунаҳкорон тасмим гирифта шуда буд.