Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оҳану қоғазпора барои ҷуброни қарзи китобҳои дарсӣ


Вазорати маориф мегӯяд, дар муддати 10 сол шӯъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии кишвар аз маблағи китобҳои иҷоравӣ, 22 миллион сомонӣ қарздор шудаанд.

Ҳоло вазорати маорифи кишвар ин шӯъбаҳоро маҷбур кардааст, ки то дар мӯҳлати муайяншуда қарзҳояшонро пардохт намоянд. Феълан барои баргардонидани маблағҳои қарзӣ ҳар як навоҳӣ ҳар гуна воситаро пеш гирифтаанд. Аз ҷамъ кардани оҳану қоғазпораҳо то ба ҷамъоварии маблағу ҳатто ба саҳрои пахта баровардани толибилмон, ки норозигии волидайнро ба миён овардааст.

Ҷалолиддин Ҷабборов, сокини шаҳри Турсунзода мегӯяд, тайи ду рӯз шанбе ва якшанбе фарзандонаш аз тарафи мактаб иҷборан ба пахтачинӣ ҷалб шуданд. Ба гуфтаи Ҷалолиддин, ба иловаи ин ба фарзандони мактабхонаш супориш дода шудааст, ки оҳан, қоғазпора ва ё 8 сомонӣ маблағ ба мактаб биёранд: «Пахтачинӣ рафтанд, ман гуфтам, ки ман бояд назди муаллимат рафта ҳамин чизро аниқ кунам. Ин чӣ боз худсарона ҳар рӯз ҳар хел нағмаҳо бароварда мешавад гуфта, ҷанг кардам.»

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.
Аксарияти волидайн аз он нигаронӣ мекунанд, ки ҳар сол онҳо маблағи китобҳои иҷоравиро пардохт менамоянд ва чаро имрӯз бояд маблағи иловагӣ диҳанд ё оҳану қоғазпораҳо ҷамъ кунанд, то фарзандонашон ба мактаб бубаранд. Зебо Нӯъмонова, модари ду фарзанди мактабхон мебошад. Фарзандони ӯро низ маҷбур кардаанд, то 8 сомонӣ бисупоранд: «Аввали сол пули китобҳоро ҷамъ карда будем. Боз талаб доранд, ки 8 сомонӣ биёред. Ҳол он ки мо ҳар сол маблағи китобҳоро медиҳем. Халқи бечора якхелаш дорад, якхелаш надорад. Баъзеҳоро 5 нафар фарзандашон дар мактаб мехонанд. Вале маоши ночиз мегиранд, аз куҷо боз маблағ пайдо мекунанд, ки дубора диҳанд».

Масъалаи баргардонидани қарзи китобҳои иҷоравӣ феълан дарди сари муаллимони мактабҳо низ гаштааст. Ҳатто дар баъзе мактабҳо барои баровардани ин маблағ ба ҳар як синф «нақша»-и ҷамъоварии оҳан ва ё қоғазпораҳо баста шудааст. Дар сурати иҷро накардани ин «нақша», бояд ҳар як толибилм маблағ пардохт намояд.

Гулчеҳра Наврӯзшоева, як нафар омӯзгори мактаб мегӯяд, онҳо бори дуввум аст, ки маблағи китобҳои иҷоравиро ҷамъ менамоянд: «Як дафъа касе пули китобҳоро хӯрдааст, мо муаллимон аз ҳисоби худамон чорсомонӣ ҷамъ карда супоридем. Акнун мегӯянд, ки 100-180 киллоӣ қоғазпора ҷамъ кунед. Мо аз куҷо меёбем. Ду синф базӯр 30 кило ҷамъ кард. Акнун, ки нақшаро иҷро карда натавонистем, мегӯянд, ки ҳар як талаба 8 сомонӣ диҳад».

Муҳаббат Ҷалолӣ, муовини раиси шаҳри Турсунзода дар сӯҳбат ба "Озодӣ" хабари қарздор будани шӯъбаи маорифи шаҳрро аз ҳисоби маблағҳои китобҳои иҷоравӣ таъйид кард ва гуфт, ки шӯъбаи маорифи Турсунзода дар ин самт 250 ҳазор сомонӣ қарздор мебошад. Аммо илова намуд, ки феълан барои баргардонидани ин маблағҳо ба мактабҳои шаҳр ҳеҷ гуна супоришҳо, аз қабили ба саҳро баровардани толибилмон дода нашудааст. Вай афзуд: «Мо толибилмонро ба саҳро набаровардем. Нақшаи пахта аллакай иҷро шудааст. Ҳама аллакай аз пайи шудгор кардани замин ҳастанд, барои ҳамин дар саҳро пахта нест. Мо ҳоло маблағ ҳам ҷамъ накардем, ягон супориш ҳам надодем. Лекин ҳамин масъала дар ҳақиқат ҳаст, ки мо қарздорем.».

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.
Муҳаббат Ҷалолӣ ҳамчунин гуфт, ки ин маблағҳо солҳои қаблӣ ба Вазорати маориф супорида шудаанд. Аммо ба гуфтаи ӯ, аз сабаби он ки аз солҳои 2001-2007 маблағи китобҳо ба таври нақдӣ ба вазорат пардохт мешуд ва ҳоло ҳар як мактаб ба суратҳисоби вазорат аз тариқи бонк маблағ месупорад, чунин нофаҳмиҳо ба вуҷуд омадааст.

Аммо Вазорати маориф ин гуфтаҳоро инкор мекунад ва сабаби ба вуҷуд омадани чунин нофаҳмиву бенизомиро дар бемасъулиятӣ ва хунукназарии мудирони шӯъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии кишвар рабт медиҳад. Тавре Комил Исоев, директори табъу нашри вазорати маориф дар робита иброз дошт:

«Мисол, Рӯдакӣ, яке аз ноҳияҳои калонтарини ҷумҳурӣ аст, ягон танга қарз надорад. Чунки дар вақташ дуруст кор кардагӣ аст, на қарз дорад на дарди сар дорад, ягон проблема надорад. Ҳисор, Спитамен, Конибодом, Хуҷанд, Хоруғ надоранд. Чунки масъулият ҳис кардаанд ва маблағро нахӯрда бурда супоридаанд, проблема надоранд. Онҳое, ки маблағро аз мардум ҷамъ кардаанду насупоридаанд, акнун проблема доранд».

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Комил Исоев, барои баргардонидани ин маблағҳо бояд роҳҳои иҷборӣ ба кор бурда нашуда, балки бештар сармоягузорони ихтиёрӣ ҷалб шаванд. Ба гуфтаи ӯ, дар сурати баргардонида нашудани ин маблағҳо, масъалаи бо китобҳои дарсӣ таъмин намудани мактабҳои кишвар мушкил мегардад.
XS
SM
MD
LG