Анҷумани ширкатҳои пешниҳодкунандаи хадамоти интернетии Тоҷикистон хостори мулоқот бо Бек Зуҳуров-раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон шуд.
Асомуддин Атоев-раиси ин Анҷуман ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳадаф аз ин мулоқот баёни нигаронӣ аз ташаббуси нави Хадамот дар мавриди ташкили Маркази мониторинги шабакаҳои Ай Пӣ (IP) ва пешниҳоди роҳи ҳали масъала аст.
Қаблан Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар номае ба вазоратҳои молия, адлия, рушди иқтисод ва савдо, ҳамчунин аз кумитаҳои амният ва сармоягузории кишвар, пешниҳод карда буд, ки аз таъсиси чунин ниҳод пуштибонӣ кунанд. Дар ин нома зарурати таъсиси ин марказ таъмини амнияти иттилоотӣ, ҷилавгирӣ аз мавориди нақзи ҳуқуқи шахсони ҳуқуқиву воқеӣ ва муайян намудани масъулият барои пешниҳоди хадамоти пастсифат арзёбӣ шудааст.
Аммо Асомуддин Атоев мегӯяд, Хадамоти алоқа мақсаде гузоштааст, ки аз рӯи имконоти мавҷуда расидан ба он имконнопазир аст, аммо ба амнияти иттилоотиву иқтисодии Тоҷикистон таъсири манфӣ дорад. Вай афзуд, ин вазъ рақобатро миёни ширкатҳо танг ва даромади онҳоро кам мекунад ва дар бозори хидматрасониҳои Осиёи Марказӣ маҳдудиятҳо ба миён меорад.