Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маъмури ҳифзи ҳуқуқ бо мухаддирот ба чанг афтод


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир боздошт шуд.

Нозирҷон Бӯриев, сухангӯи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, боздошти ин нафар дар пайи як амалиёти вижа ё махсуси кормандони ин ниҳод сурат гирифтааст.

Бино ба иттилои ӯ, амалиёт дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон анҷом ёфта, дар натиҷа бо 12 кило ҳероин ва 4 кило ҳашиш як шаҳрванди Афғонистон ва як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон боздошт шудаанд.

Сухангӯи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз ифшои ному ҷои кори корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ худдорӣ кард. Ҳамчунин, бино ба гуфтаи ин манбаъ, дар пайи як амалиёти дигар аз сӯи кормандони Раёсати марзбонии КДАМ дар фурудгоҳи Душанбе, сокини 35-солаи пойтахт - Муҳаммад Мамадаминов бо як кило ҳероин боздошт шудааст.

Мавсуф мехостааст, ҳероинро тавассути хатсайри Душанбе - Маскав ба Русия интиқол бидиҳад. Тибқи иттилои маркази матбуотии КДАМ, шурӯъ аз аввали соли ҷорӣ кормандони ин ниҳод ҳудуди 2 ҳазору 900 кило маводи мухаддирро боздошт ва мусодира кардаанд.

Боздошти як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳолест, ки имрӯз, 13-уми ноябр, додгоҳи низомии Хатлон ҳукми худ дар мавриди панҷ афсари нерӯҳои марзбонии КДАМ-ро ки ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздошт шуда буданд, содир мекунад. Ин афрод бар асоси 5 моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, аз ҷумла убури ғайриқонунии марзи давлатӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқ, нигоҳдории ғайриқонунии аслиҳа, сӯистифода аз мақоми хидматӣ, муттаҳам дониста мешаванд.

Капитан Мирзомиддин Яъқубов, ки сардори дидбонгоҳи №1-и «Вахш»-и хадамоти марзбонӣ будааст, дар ҷиноёти убури ғайриқонунии марзи давлатии Тоҷикистон, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқ, нигоҳдорӣ ва дуздии аслиҳаи оташфишон ва сўйистифода аз мансаб, муҷрим дониста мешавад.

Капитан Зуҳуршо Мирзоев, сардори дидбонгоҳи марзии рақаи 3-и қисми ҳарбии 2610, низ бо гумони нигоҳдории ғайриқонунии силоҳ, хабар накардани мақомот дар бораи содиршавии ҷиноят ва сўистифода аз мансаб, ба курсии айбдорӣ нишастааст.

Нисбати майор Анварҷон Ҳакимов, сардори хадамоти нақлиётӣ ва лейтенанти калон Алишер Сўфиев, сардори артиллерияи қисми ҳарбии мазкур, бошад, бар асоси моддаҳои 323 (сохтакории хизматӣ), 347, қ.2 (хабар надодан аз содиршавии ҷиноят ё рўйпўш кардани он) ва 391, қ.3 (сўйистифода аз мансаб)-и кодекси ҷиноятӣ, айб эълон шудааст.

Дар баробари афсарони хадамоти марзбонӣ, ҳамчунин нисбати аскари қатории воҳиди низомии мазкур Ҷонибеки Нуралӣ бо иттиҳоми «гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир», парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ шудааст.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед
XS
SM
MD
LG