Дар вилояти Бодғис, воқеъ дар шимоли Афғонистон, ду сарбози афғон ба низомиёни НАТО ҳамла карданд. Ба иттилои намояндаи Эътилофи байнулмилалӣ, онҳо ба як постгоҳи НАТО даромада оташ кушоданд ва чанд норинҷак андохтанд,
Дар тирандозӣ яке аз ҳамлагарон кушта шуд ва як сарбоз аз Испания ҷароҳат бардошт.
Аз ибтидои сол беш аз 40 ҳамин гуна ҳодисаи ҳамлаи сарбозони артиш ё кормандони полиси афғон ба низомиёни нерӯҳои байнулмилалӣ сурат гирифтааст, ки бар асари онҳо беш аз 50 афсару сарбози хориҷӣ ба ҳалокат расидаанд.