Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар бозтарин минтақаи Фарғона: Ҳанӯз муҳаббат намурда!


Минтақаи байни ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров (Тоҷикистон) ва Лайлак (Қирғизистон)-ро метавон "бозтарин минтақа дар водии Фарғона" номид.

Марз дар ин ҷо боз аст ва деҳаҳои тоҷику қирғизро танҳо роҳи мошингарди Хуҷанд-Конибодом аз ҳам ҷудо мекунад. Мо рӯзи 9-уми ноябр ба ин минтақа рафтем, то бубинем, сокинони тоҷику қирғиз чӣ гуна канори ҳам зиндагӣ ва кору тиҷорат мекунанд.

Бозори "Вохӯрӣ", ки дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, канори роҳи Хуҷанд-Конибодом, ҷойгир аст, аз нимаи дуюми солҳои 80-и қарни гузашта то охири солҳои 90-ум воқеан як ҷои дидору тиҷорати тоҷирони минтақа буд. Аз Тошканду Фарғона, Суғду Бодканд дар ин нуқтаи он замон роҳи автомобилгарди байналмилалӣ тоҷирон бо ҳам додуситад мекарданд ва бозори марзӣ дар минтақа равнақу маъруфияте дошт.

"Вохӯрӣ" аз равнақ монд

Ҳоло ҳам ин бозори хурд арзи вуҷуд дорад, аммо ба гуфтаи фурӯшандагону харидорон равнақи пешинаашро аз даст додааст. Музаффар ном ҷавони тоҷир дар сӯҳбат ба мо гуфт, "ҳозир аз мо раҳгузарон, ки Конибодому Исфара ва Лайлак мераванд ё бо транзит ба Душанбе мераванд, чиз мехаранд. Обу нону қанду бозичаҳо, ҳар хел асбоби рӯзгор савдо мекунем."

Мусоҳиби мо гуфт, аммо онҳо маводи асосии ғизоӣ, орду равғану шакар намефурӯшанд, чунки харидори кам дорад. "Қирғизҳо барои харид ба бозори Хистеварз, шаҳраки Ғафуров ё Панҷшанбеи Хуҷанд мераванд. Чунки дар он ҷойҳо нарх арзонтар аст",-мегӯяд Музаффар.

Шаҳодат Сатторова, яке дигар аз фурӯшандагон, гуфт, то охири солҳои 90-уми қарни гузашта як роҳи асосии мошингарди байни Тошканду Водии Фарғона аз Ғафурову Конибодом мегузашт. Баъд аз баста шудани сарҳади Узбакистон равуои нақлиёти ин кишвар қатъ гардид ва даҳҳо фурӯшгоҳу ошхонаву чойхонаву меҳмонхонаи хусусии сари роҳ, аз ҷумла бозори "Вохӯрӣ" низ баставу камхаридор шуданд. Акнун дар ин минтақа бозори дигар, фурӯши маводи сӯхти нақлиётӣ гарм шудааст. Дар канори бозори «Вохӯрӣ» низ иншооти бензинфурӯшӣ қомат афрохтааст.

Бензинфурӯшиҳо ба ҷойи бозору ошхона

Дар ду канори роҳи мошингард, дар минтақаи наздимарзии Ғафуров - Лайлак сари ҳар қадам бензинфурӯшӣ ба чашм мерасад. Бархе аз онҳо нав бунёд мешаванд. Маълум, ки ин ба маводи сӯхт талабот зиёд аст. Тоҷикӣ ё қирғизӣ будани ному навишта ва нархнома дар бензинфурӯшиҳо аз они кадом ҷониб будани онҳоро аён месозад.

«Бостон» унвони як бензинфурушии қирғиз аст. Дар он нархи як литр бензини навъи 92 -- 5 сомонӣ ва навъи 80 -- 4 сомонӣ, аз нархи Хуҷанд қариб 1 сомонӣ поинтар аст. Бензинфурӯши қирғиз, ки худро Эргаш, сокини деҳаи Арка 1-и ноҳияи Лайлак муаррифӣ кард, гуфт, барои шаҳрвандони тоҷик барои харидани маводи сӯхт ягон маҳдудият нест. «Бисёр ронандаҳои тоҷик харидорони доимии моянд”,мегӯяд ӯ. Зимнан, мушоҳида кардем, ки автомобилҳои бо рақамҳои тоҷикӣ ва қирғизӣ даҳҳо зарфи бағоҷи автомобили худро бо бензин пур мекарданд.

Қирғизистон маводи сӯхти нақлиётиро аз Русия бидуни пардохти боҷи гумрукӣ ва назар ба Тоҷикистон арзонтар ворид мекунад. Ба гуфтаи бензинфурӯшҳои қирғиз, як литр бензини навъи 92 дар Бишкек ҳудуди 3 сомонӣ ва дар Уш 4 сомонист ва тоҷирони қирғиз аз фурӯши он дар марз бо Тоҷикистон бо нархи баландтар суди бисёр мебардоранд. Як мусоҳиби қирғизи мо гуфт, сари роҳи мошингарди байни Ғафурову Лайлак ҳудуди 40 бензинфурӯшӣ фаъол аст. Дар роҳ ва назди фурӯшгоҳҳо мошинҳои бензинбари калон бо рақамқои қирғизӣ зиёд ба чашм мерасиданд. Вале мақомоти қирғиз гоҳе садо баланд мекунанд, ки маводи сӯхтро бо роҳи қочоқӣ зиёд ба Тоҷикистон мебаранд.

Мақомоти гумруки Суғд барои ҷилавгирӣ гурӯҳҳои сайёри назоратӣ таъсис додаанд. Маҳмуд Бобоҷонов, сокини деҳаи Арка 1-и ноҳияи Лайлак, мегӯяд, мақомоти қирғиз тафтиши бензинфурӯшиҳоро шиддат бахшидаанд ва намегузоранд дар бензинфурӯшиҳои онҳо тоҷикон ба кор қабул карда шаванд. "Ман як сокини ҷамоати Хистеварзро дар бензинфурӯшиам ба кор гирифта будам, акнун гуфтанд, ки вайро аз кор пеш кунам. Чунки шаҳрванди Қирғизистон нест",-мегӯяд ӯ.

Аммо дар авохир ваъдаи Русия барои бекор кардани боҷи гумрукӣ барои маводи сӯхт ба оташи баҳси гарми қочоқи бензин аз Қирғизистон ба Тоҷикистон оби сард рехт.

Барои харид - ба Тоҷикистон

Ба гуфтаи сокинони ноҳияи Лайлак, сокинони наздимарзӣ бо ҳам муомилоти тиҷоратии хуб доранд. Солеҳ Усмонов, сокини деҳаи Арка, ба Радиои Озодӣ гуфт, барои қирғизҳо раҳ то бозорҳои Бодканду Уш ё Бишкек хеле дур, масалан, то шаҳри Бодканд, маркази вилояташон беш аз 100 километр аст. Аз ин рӯ, онҳо барои рӯзгор аз бозорҳои Суғд харид мекунанд. «Мо аз ин ҷо ба бозорҳои Хистеварзу Ғафуров ё Хуҷанд меваи тару хушк, сабзавот мебарем. Аз он ҷо бештар маводи ғизоӣ, орду равғану шакар меорем»,-гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Дар деҳаи Арка низ ҳафтае як бор, рӯзи сешанбе бозори калони наздимарзӣ мешавад ва сокинони тоҷику қирғиз дар он ҳайвоноти хонагӣ харидуфурӯш мекунанд. Ҳар деҳаи Қирғизистон ҳукумати худро дорад ва раиси ҳукумати деҳаи Арка Усмон Абдуллоев аст. Вай дар кӯдакӣ соле дар мактаби Хуҷанд таҳсил карда, ба тоҷикӣ хубу равон ҳарф мезанад.

Зимнан, қирғизҳои наздимарзӣ, хусусан бензинфурӯшу тоҷирон тоҷикиро мефаҳманд ва бархе бо ин забон ҳарф мезананд. Ба гуфтаи Усмон Абдуллоев, мақомоти тоҷику қирғиз дар ин минтақаи наздимарзӣ бо ҳам робитаи наздик доранд ва ба мушкилоти сокинон саривақт расидагӣ мекунанд. Онҳо хатсайри маршруткаҳои Суғдро миёни деҳаҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон дар ин маҳал ба роҳ мондаанд. Сокинони наздимарзӣ дар онҳо бе ягон тафтиш ба кишварҳои ҳамдигар равуо мекунанд. Дар ин минтақа посгоҳи марзиву гумрукӣ аз ду ҷониб гузошта нашудааст ва дар ҳоли муайян нашудани хати сарҳад монеъ шудан ба рафтуомади сокинон ба назди ҳамдигар кори саҳлу осон ҳам нест. Усмон Абдуллоев гуфт, "аммо «панҷ ангушт баробар нест», баъзе милисаҳои ҳар ду тараф дар посгоҳҳои Овчӣ-Қалъача аз сокинон шиноснома мепурсанд, агар фаромӯш карда бошад, иҷозати гузар намедиҳанд. Ё мӯҳлати шиносномааш гузашта бошад, ҷарима мекунанд."

Фарзанди тоҷиконе, ки шаҳрвандии қирғизиро пазируфта, дар ноҳияи Лайлак зиндагӣ мекунанд, барои таҳсил ба мактабҳои ба забони модарии худ ба ҷамоати Хистеварз мераванд. Ҷавонони зиёди қирғиз ҳам дар донишгоҳҳои Хуҷанд таҳсил мекунанд ва баъд аз хатм ба Бодканд бармегарданд. Дипломи тоҷикӣ дар Қирғизистон пазируфта мешавад.

Ба ин тартиб, зиндагӣ ва муносибати сокинони тоҷику қирғиз дар ноҳияҳои наздимарзии Ғафурову Лайлак як намунаи он аст, ки дар сурати боз кардани марзҳо, сокинони одии кишварҳои Осиёи Миёна ба ҷони якдигар дарнаяфтода, ҳамон муносибатҳои неку ҳасанаи худро идома хоҳанд дод. Ба шарте, ки агар ҳукуматҳо бихоҳанд.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG