Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарифӣ дар хориҷа ҳамкориҳои Тоҷикистонро баррасӣ мекунад


Бино ба иттилои хабаргузориҳо, Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар Истамбул бо Резанур Мерал-раиси конфедератсияи соҳибкорону корхонадорони Туркия дурнамои ҳамкориҳои таҷоративу иқтисодиро баррасӣ кардааст.

Дар ин мулоқот фазои тиҷоратӣ-иқтисодии сармоягузорӣ ва захираҳои энержии обии Тоҷикистон мавриди гуфтугӯ қарор гирифтааст.

Зарифӣ аз Истамбул ба Токио парвоз кард ва қарор аст 10 ноябр дар мулоқоти чаҳоруми вазирони корҳои хориҷаи “Муколамаи Осиёи Марказӣ ва Ҷопон” ширкат ҷӯяд.
XS
SM
MD
LG