Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамзамон бо интихоботи Амрико нархи нафт боло рафт


Дар ҳоле ки амрикоиҳо дар интихоботи президентӣ овоз медиҳанд, нархи нафт боло рафтааст. Рӯзи сешанбе дар бозори Ню-Йорк нархи нафти хоми сабук дар муқоиса бо як рӯзи пеш 3 доллар афзоиш ёфта ба 88,71 доллар расид. Дар бозори Лондон бошад, нархи нафти навъи Brent 3,34 доллар боло рафта ба 111, 07 доллари амрикоӣ баробар гардид. Бозорҳои авроқи гаронбаҳои Амрикоро низ ҳамин гуна гаронишавӣ фаро гирифтаст.
XS
SM
MD
LG