То интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико 3 рӯзи дигар вақт мондааст. Назарпурсиҳои ахир гувоҳӣ медиҳад, ки рақибони интихоботӣ Барак Обама аз Ҳизби Демократ ва Митт Ромнӣ аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ тақрибан имконоти яксон доранд.
Дар рӯзҳои боқимонда ҳар ду номзад маъракаҳои интихоботии худро дар иёлоти марказӣ-ғарбӣ пеш мебаранд. Дар ин минтақа дар давоми моҳи октябр бекорӣ ба 7,9 дарсад расид, вале ҷои кор низ бештар аз интизориҳо ба вуҷуд оварда шуд.
Обама мегӯяд, ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави корӣ дурустии сиёсати вайро дар давоми 4 соли раёсаташ собит месозад ва Амрикоро ба самти дурусти барқарорӣ раҳнамун кардааст.
Аммо Митт Ромнӣ бо истифода аз ин маълумот гуфт, боло рафтани сатҳи бекорӣ “ҳушдори таассуфоварест, ки иқтисоди Амрико дар асл дар як ҷо истодааст”.