Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: "Дар Сурия ҷиноятҳои ҷангӣ дида мешавад"


Руперт Колвил, сухангӯи масъули ҳуқуқи башари Созмони Милал мегӯяд, агар навори видеои қатли сарбозон аз тарафи шӯришиёни Сурия воқеъӣ бошад, пас он далеле аз иртикоби ҷиноятҳои ҷангӣ дар он кишвар аст. Дар як видеое, ки рӯзи ҷумъа дар Ю тюб нашр карданд, дида мешавад, ки шӯришиёни Сурия қабл аз қатли тақрибан 10 сарбоз онҳоро бераҳмона мезананд. Руперт Колвил гуфт, ҳақиқӣ будани видео бояд собит шавад ва агар дуруст бошад, онҳое, ки ин корро барои ҷинояти ҷангӣ ба додгоҳ кашида шаванд. Рӯзи панҷшанбе ҳомиёни ҳуқуқ гуфтанд, ки шӯришиён, ки алайҳи ҳукумати раиси ҷумҳури Сурия Башшор Асад меҷанганд, бо ҳамла ба се посгоҳи низомӣ дар шимолуғарби ин кишвар 28 сарбози давлатро куштанд. Созмони Авфи Байналмилал гуфтааст, ки ҳарду тарафи ҷанг дар Сурия ба қатлҳои худсарона даст мезананд ва Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико ҳушдор додааст, ки тундгароёни исломӣ мехоҳанд, қиёмҳои мардумӣ дар Сурияро ба нафъи худ истифода баранд.
XS
SM
MD
LG