Як ҳайати устодони донишгоҳҳои Олмон барои табодули назар дар мавриди таълими исломӣ дар Тоҷикистон қарор доранд.
Бино ба иттилои Дафтари созмони Фридрих Эберт дар Тоҷикистон, рӯзи 31-уми октябр ҳайати олмонӣ бо раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, Муҳиддин Кабирӣ мулоқот кардаанд.
Ба иттилои дафтари Ҳизби наҳзати исломӣ дар мулоқот таъкид шуд, ки дар Тоҷикистон, ки кишвари мусалмонӣ маҳсуб мешавад, ҳанӯз Консепсия ва методологияи таълими исломӣ ба роҳ монда нашудааст. Масъулини ҳизб гуфтаанд, ки метавонанд бо донишгоҳҳои Олмон дар доираи Академиия исломӣ ҳамкорӣ кунанд.
Дар ҳамин ҳол Мухтор Мавлонов муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон гуфт, ки онҳо барои суҳбат бо ҳайати устодони донишгоҳҳои олмонӣ дар мавриди таълими исломӣ дар муасисаҳо омодагӣ доранд. Аммо вай гуфт, ки ҳанӯз Тоҷикистон дорои Консепсия ва методологияи таълими исломӣ нест. Бо вуҷуд бо такя бо марказҳо, донишгоҳҳо ва омӯзишгоҳҳои исломии Тоҷикистон метавонанд дар масъалаи таълими исломӣ бо донишгоҳҳои Олмон ҳамкорӣ ва табодули назар кунанд.