Ширкаткунандагони гирдиҳамоии дифоъ аз маҳбусони сиёсӣ, ки рӯзи сешанбе дар Маскав баргузор гардид, хостори истеъфои Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишоти Русия, шуданд.
Дар як қатънома онҳо раҳоии ҳама афроди ғайриқонунӣ ҳабсшуда ва боздоштшудагон аз рӯи парвандаи ҳаводиси майдони Болотнаяро талаб карданд.
Гирдиҳамомадагон ҳамчунин тақозо доранд, афроде, ки фаъоли мухолифин Леонид Развозжаевро дар Киев рабудаанд, ошкор карда шаванд.
Дар ин ҳамоиш дар хиёбони Новопушкинский тақрибан ҳазор нафар ширкат доштанд. Сергей Удалтсов, ки дар кӯшиши таҳияи бенизомиҳои оммавӣ дар Русия гумонбар мешавад, аз ҷонибдорони мухолифин хост то аввалҳои моҳи декабр намоиши пуриздиҳоми эътирозӣ баргузор кунанд.