Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди нозирони байналмиллалӣ аз интихоботи Украина


Шумориши оро дар Украина
Шумориши оро дар Украина
Ба тарзи баргузории интихоботи порламонии Украина нозирони байналмиллалӣ баҳои комилан манфӣ додаанд. Хонум Валбурга Ҳабсбург Доуглас-раҳбари нозирони интихоботии САҲА дар нишасти хабарие дар Киев гуфт, ин интихобот раванди демократия дар Украинаро ба "ақиб" баргардонд.

Вай ҳамчунин изҳор дошт, ки мақомоти расмӣ аз ҳизби ҳоким бо истифода аз мавқеи идории худ дар натиҷаҳои интихобот таъсир расондаанд.

Ба гуфтаи хонум Дуоглас, дар матбуот ҳизбҳои сиёсӣ ба таври нобаробар таблиғ шудаанд ва шафофияти сармоягузорӣ дар маъракаи интихобтӣ дида намешавад.

Дар интихоботи порламонии Украина шумориши баргаҳои рай ба поён нарасидааст. То ҳол ҳизби ҳокими президент Виктор Янукович дар сафи пеш қарор дорад. Бино ба натиҷаҳои муқаддамотӣ, ҳизби вай бо номи “Ҳизби минтақаҳо” 35 дарсад рай ба даст овардааст.

“Баткившина” ё ҳизби “Сарзамини падарӣ”-и Юлия Тимошенко- нахуствазири пешин, ки дар зиндон ба сар мебарад, бо 22 дарсад дар мақоми дуввум аст. Ҳизби куммунист бо 15 дарсад дар зинаи севвум қарор дорад. Ҳизби “Удар” ё “Зарба”-и Виталий Кличко-қаҳрамони ҷаҳон дар муштзанӣ 13 дарсад ва ҳизби “Свобода” бо 8 дарсад дунболи ҳам омадаанд.
XS
SM
MD
LG