Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Адолат Раҳмонова ба раҳбарони ҲХДТ


Адолат Раҳмонова
Адолат Раҳмонова

Адолат Раҳмонова аз масъулони ҲХДТ хост, дар пешгирӣ аз эҳтимоли такрори ҳаводиси 20 соли пеш ҳушёриро аз даст надиҳанд.

Адолат Раҳмонова, узви фаъоли Ҳизби коммунист ва аз сиёсатмадорони шинохта дар солҳои 1990-ум, бар ин аст, ки бо гузашти даҳаи дуввум аз ҷанги шаҳрвандӣ, ҳоло низ бархе аз таҳдидҳо ба сулҳу оромӣ дар кишвар вуҷуд дорад. Ба назари ӯ, дар ин авохир эҳсос мешавад, ки бо истифода аз холигоҳи мавҷуда гурӯҳҳои иртиҷоӣ ҷавононро бар зидди ҳукумат мешӯронанд ва ба эътироз таҳрик медиҳанд.

Адолат Раҳмонова дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, масъулони ҳизби ҳоким набояд ин омилҳоро нодида гиранд. "Масъулони ҳизби ҳоким набояд ором нишинанд, ки гӯиё ҳама масъалаҳо дар ҷомеаи мо ҳал шуда бошад ва танҳо дар давраҳои интихобот фаъол гарданд. Онҳо бояд дарди мардумро донанд, ки халқ чи мушкилот дорад ва кадом роҳбар бо мардум муносибати бюрократона дорад, ки ин дарди онҳоро афзун мекунад. Вазифаи ҳизби ҳоким ин аст, ки бояд ҳалли масъалаҳоро ба дӯши худ гирад. Ман аз ҳамин лиҳоз ба онҳо муроҷиат намудаам", - мегӯяд ӯ.

Ин узви фаъоли Ҳизби коммунист тайи чанд муддат аст, ки бо даъвати ҳизби ҳоким, бо фаъолзанони пойтахт ва ҷавонону донишҷӯён мулоқот доир мекунад. Ба гуфтаи ин сиёсатмадор, дар ҷараёни ин мулоқот ӯ асосан сари ҳаводиси 20 соли пеш ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ сӯҳбат менамояд. Аммо бону Раҳмонова мегӯяд, бо он ки насли ҷавон бевосита шоҳиди ҷанги шаҳрвандӣ набудааст, афкори онҳоро танҳо бо баргузории чунин нишастҳо тағйир додан мушкил аст.

Яке аз ҷаласаҳои аъзои Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон
Яке аз ҷаласаҳои аъзои Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон
Адолат Раҳмонов илова кард, "онҳоро ба корҳои амалӣ ҷалб кардан лозим аст, чун ҷавонон метавонанд ё тарафдор ва ё зидди ҷомеа бошанд. Ҷавононе, ки дар донишгоҳ таҳсил мекунанад, онҳоро дуруст тарбия кардан лозим ва ё теъдоде аз онҳое, ки дар хизмат ҳастанд, қумандонҳо бояд нисбат ба онҳо падарона меҳрубонӣ кунанд. То ин ки тасаввуроти онҳо нисбат ба ватану ватандорӣ дигар шавад. Яъне, насли ҷавон бояд пайваста зери таваҷҷӯҳ ва тарбия қарор дошта бошад."

Адолат Раҳмонова мегӯяд, дар ин авохир бархе аз ҳизбҳо ва созмонҳо барои ҷалби ҳарчи бештари занон ба сафи худ талош доранд. Ӯ гуфт, "ҳама медонанд, ки имрӯз ҲНИТ бештар аз ҳама ба занон такя мекунад. Аммо, фикр мекунам, агар интихоботи президентӣ воқеан шаффоф баргузор шавад, мардум ташнаи давлати демократӣ ҳастанд. Зеро онҳо бо чашмони худ мебинанд, ки дар ягон гӯшаи дунё дар кишварҳои исломӣ тинҷиву оромӣ нест."

Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, баргузории чунин нишастҳо бо ширкати Адолат Раҳмоноваро идомаи маъракаи густардатаре медонад, ки мақомот алайҳи ин ташаккули умдаи мухолифин ба роҳ андохтаанд. Ҷаноби Ҳайит мегӯяд, ҳизби ҳоким дар пешорӯи интихоботи соли ояндаи раёсатҷумҳурӣ бо истифода аз ҳама икониятҳо барои шармсор намудани рақиби аслиаш талош мекунад.

Муҳаммадалии Ҳайит
Муҳаммадалии Ҳайит
"Вале ин ҳизб ҳеҷ гоҳ шармсор набуд ва ҷойгоҳи онро дар ҷомеаи кишвар ва ҷаҳонӣ танг кардан наметавонанд. Ин бадгӯиҳову тавтеаҳое, ки шахсиятҳои ба монанди Адолат Раҳмонова алайҳи ҳизби наҳзат мекунанд, баръакс, аз нуфузу обрӯи беандозаи ин ҳизб шаҳодат медиҳад", - бовар дорад ӯ. Ин гуфтугузорҳо дар ҳолест, ки ҳанӯз то интихоботи президентӣ як соли дигар боқӣ мондааст ва ҲНИТ ҳанӯз тасмими ниҳоии худро нагирифтааст, ки оё бо номзади худ ба ин маърака хоҳад рафт ё на.

Адолат Раҳмонова, дастпарвари комсомол ва Ҳизби куммунистии вақт буда, раёсати ин ҳизб дар навоҳии Шӯрообод ва Данғараро ба ӯҳда дошт. Дар аввалҳои даҳаи 90-уми асри гузашта вакили Шӯрои Олӣ ё порлумони вақти Тоҷикистон буд. Аммо баъди ба қудрат расидани Эмомалӣ Раҳмон аз саҳнаи сиёсати калон ғайб зад ва раҳбарии ширкати қолинбофии "Адолат" дар Данғараро ба ӯҳда дошт. 10 сол пеш ӯро як муддат муовини вазири саноат таъйин карданд, вале баъд аз чанде “бо сабабҳои оилавӣ” тарки кор кард ва ҳоло, ба истилоҳ, “давлати пирӣ” меронад. Дар маҳофил Адолат Раҳмонова ва бархе дигар аз вакилони парлумони Тоҷикистон дар оғози солҳои 90-ро аз гунаҳкорони оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон мешуморанд.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG