Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии сокинони шарқи Амрико барои тӯфони Сенди


Мардум дар фурушгоҳҳои Ню-Йорк маводи ғизоӣ мехаранд.
Мардум дар фурушгоҳҳои Ню-Йорк маводи ғизоӣ мехаранд.

Бо наздик шудани тӯфони Санди, мақомоти ИМА хостори берун рафтани ҳазорон нафар аз сокинон аз минтақаҳои осебпазир шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки бар асоси пешбиниҳо, интизор меравад беш аз 60 миллион нафар таҳти таъсири тӯфони Сэнди қарор бигиранд.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, пешбинӣ шудааст, ки тӯфони Сэнди авохири рӯзи душанбе ба шаҳрҳои бузург аз ҷумла Ню-Йорк, Филоделфия, Вошингтон ва Бостон бирасад. Тибқи ин пешбиниҳо, Ню-Йорк ва Нюҷерси дар конуни тӯфони Сэнди қарор хоҳанд дошт. Тӯфон сипас ба самти дигар минтақаҳо ҳаракат хоҳад кард. Вусъати тӯфони Сэндӣ ба андозае аст, ки бисёре аз вилоятҳо дар шарқ ва шимол-шарқи Амрикоро таъсир қарор хоҳад дод

Бо наздик шудани тӯфони Сэнди ба соҳилҳои шарқии Амрико, ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҳам ҳазорон парвози хориҷӣ ва дохилӣ дар рӯзи душанберо лағв карданд. То кунун беш аз 3000 ҳазор парвоз лағв шуда ва бисёре аз ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ ба фурудгоҳҳое, ки дар масири тӯфонӣ нестанд, интиқол дода шудаанд.

Тӯфони Сэнди ҳудуди нимашаби душанбе ба соҳилҳои шарқии Амрико мерасад ва шаҳрҳои бузурге монанди Ню-Йорк, Филоделфия, Вошингтон ва Бостон дар масири он қарор доранд. Фармондори Ню-Йорк ҳам дар ҳама мактабҳо таътил эълон кардааст ва системаи нақлиёт ҳам шомгоҳи якшанбе мутаваққиф шудааст.

Бар пояи гузоришҳо, мардум барои харидани маводи ғизоӣ ва бензин дар шаҳрҳое, ки дар масири тӯфони Сэнди қарор доранд, сафҳои тӯлонӣ дар муқобили фурӯшгоҳҳо ва нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ташкил додаанд.

Барак Обама ва Митт Ромнӣ, номзаҳои раёсати ҷумҳури Амрико ҳам масири сафарҳои интихоботӣ ва суханрониҳои худро тағйир додаанд.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG