Бино ба гузоришҳо аз Ироқ дар силсилаи ҳамлаву бомбгузориҳо дар Бағдод дасти кам 20 нафар кушта шудаанд. Аз ҷумла дар як бомбгузорӣ дар наздикии майдони бозии кӯдакон ва бозоре дар маҳаллаи Бовияи Бағдод чанд нафар ба шумули кӯдакон кушта шудаанд. Дар натиҷаи таркиши як автобуси зойирони шиъамазҳаб дар шаҳри Тоҷӣ 25 километрии шаҳри Бағдод 5 тан кушта ва 9 тани дигарашон захмӣ шудаанд. Мегӯянд, ки ин зойирон аз Эрон будаанд. Ба гуфтаи пулис, бомб дар автобус гузошта будаанд. Ҳодиса дар шаҳри Тоҷӣ 25 километрии шимоли шаҳри Бағдод рух додааст. Зойирон барои зиёрати як зиёратгоҳи муқаддаси шиъаён ба шаҳри Бағдод равона будаанд. Дар шаҳри Мосул ҳам 5 нафарро куштаанд.