Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

AI: Дар Ҳирот боз як зан ваҳшиёна кушта шуд


Amnesty International ё Афви байнулмилал дар бораи куштори ваҳшиёнаи боз як зан дар Афғонистон хабар дод. Дар изҳороти ин созмон гуфта шудааст, сокини Ҳирот Муҳаммад Анвар завҷааш Ғуломро барои кор дар як ширкати хусусӣ куштааст. Аммо пайвандони Ғулом мегӯянд, Анвар хонумашро барои он эъдом кардааст, ки ба ӯ барои харидории маводи мухаддир пул надодааст.

Ду ҳафта аз ин пеш дар Ҳирот Моҳгул, як зани ҷавон, ки аз танфурӯшӣ сарпечӣ кардааст, аз сӯи пайвандони шавҳараш кушта шуда буд. Аввали моҳи октябр ҷасади гӯшу бинӣ ва ангуштбуридаи зани 30-солае дар ноҳияи Поманори Ҳирот кашф шуда буд. Пизишкон гуфтаанд, вай дар асари шиканҷа ба ҳалокат расидааст.

Ба иттилои додситонии Ҳирот, аз аввали сол тақрибан 20 зан дар ин вилоят ба қатл расидаанд.

Дар изҳороти Amnesty International омадааст, “боз чанд зану духтар бояд кушта шаванд, ки ҳукумат аз хоби ғафлат хезад ва таъмини ҳуқуқҳои ҳама сокинони кишварро кафолат диҳад?”
XS
SM
MD
LG