Ду узви бо ҷурми авбошӣ дар заминаи динӣ маҳкумшудаи гурӯҳи ”Рussy Riot “-ро барои адои ҳукми дусолаашон ба маҳбас интиқол медиҳанд. Вакили мудофеъ Марк Фейгин гуфт, Надежда Толоконниковаи 22-сола шояд ба маҳбаси занона дар Мордовия ва Мария Алёхинаи 24-сола ба Перм таҳвил шаванд. Аммо мақомоти Русия ҳанӯз эълон накардаанд, ки ин ду нафар дар кадом зиндон адои ҳукм хоҳанд кард.
Додгоҳи таҷдиди назар ҳукми низ дусолаи узви севуми ин гурӯҳ Екатерина Самутсевичро ба ҳукми шартӣ иваз кард.
Додгоҳи таҷдиди назар ҳукми низ дусолаи узви севуми ин гурӯҳ Екатерина Самутсевичро ба ҳукми шартӣ иваз кард.