Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай аз эҳтимоли бурузи мушкилот бар сари масъалаи ҳассоси масунияти нирӯҳои Амрико ва НАТО дар ин кишвар баъд аз соли 2014 ҳушдор дод. Қарор аст, ин нирӯҳо, ки феълан беш аз 100 000 баровард мешавад, то поёни соли 2014 амалиёти ҷангӣ дар Афғонистонро қатъ кунанд. Вале ҳазорон сарбоз ба хотири кумак ва тамрини нирӯҳои афғон дар ин кишвар хоҳанд монд. Карзай ба дабири кулли НАТО Андерс Фоғ Расмуссен дар Кобул гуфтааст, ки мардуми афғон шояд ба ҳукумати худ ироаи масуният ба нирӯҳои хориҷиро иҷозат надиҳанд.