Рӯзи 18 октябр созмони маърифатии UNESCO (дафтари СММ дар умури маърифат, илм ва фарҳанг) духтари мактабхони 14-солаи покистонӣ Малола Юсуфзайро қадрдонӣ кард. Ин духтарак баъди ҷароҳати сангинаш аз ҳамлаи ҷангиёни Толибон дар яке аз шифохонаҳои Бритониё муолиҷа мешавад.
Акси Малоларо кормандони UNESCO дар як маросими лаҳзаи сукут дар қароргоҳи худ дар Париж дар даст нигоҳ медоштанд. Як намояндаи Покистон гуфт, ки Малола, чун як таблиғгари таълиму маърифат дар миёни духтарҳои Покистон, ба рамзи ҷасорат табдил шудааст.