Варзишгарони тоҷик аз шаҳри Тошканд аз мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон оид ба шотокан карате-до миёни кӯдакону наврасон, ҷавонону бузургсолон бо 24 медал баргаштанд.
Ин мусобиқа бо ширкати ҳудуди 800 варзишгар аз 20 кишвари ҷаҳон баргузор шуд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 33 варзишгар шомил буд. Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Тоҷикистон пас аз дастаҳои Узбакистон, Қазоқистон ва Эрон мақоми чорумро касб кард.
Дар сабқати дастаӣ дар навъи кумитэ чаҳор варзишгари тоҷик - Юлдуз Исматуллозода, Муниса Одилматова, Мунира Одинамамадова ва Гулосори Сӯҳроб бо медалҳои тилло мукофотонида шуданд.
Даврон Раҳматуллоев (75 кг, шобу-иппон и ҷиу-кумитэ) ва Муҳаммадҷон Ҷӯрабоев (67 кг, бахши шобу-иппон) се медали нуқра ба даст оварданд. 17 намояндаи дигари Тоҷикистон барандагони медалҳои биринҷӣ шуданд.