Бар асари зарбаи ҳавопаймои бесарнишин дар наздикиҳои шаҳри Ҷаар, воқеъ дар ҷануби Яман, ҳафт нафари гумонбар дар узвият ба гурӯҳи “Ал-Қоида” ба ҳалокат расиданд.
Хабаргузориҳо бо такя ба манобеи худ дар мақомоти амниятии Яман навиштаанд, ки ин амалиётро эҳтимолан низомиёни амрикоӣ доир кардаанд.
Ду ҳафта пеш дар ҳамин гуна зарба дар вилояти ҷанубии Шабва панҷ ифротгарое ба ҳалокат расиданд, ки бо “Ал-Қоида” робита доштанд.