Машварати дувум пиромуни тарҳи нирӯгоҳи Роғун рӯзи 7 ноябр дар дафтари Бонки ҷаҳонӣ дар Алма-Ато хоҳад гузашт. Нахустин машварат аз ин силсила рӯзҳои 17-19 май низ дар Алма-Ато доир шуда буд. Қарор аст, инбор дар Алма-Ато гузориши муқаддамотии ширкати "Poyry" дар бораи пайомадҳои зистмуҳитиву иҷтимоии Роғун баҳс шавад. Як хулосаи асосии ин гузориши тоза нашршуда ин аст, ки бунёди нирӯгоҳи Роғун асароти бузурги зистмуҳитӣ надорад.
Давлати Тоҷикистон, ки танҳо роҳи халосиии кишвар аз буҳрони шадиди энержиро дар сохтани нирӯгоҳи Роғун мебинад, дар пайи мухолифати кишварҳои поёноби минтақа, бахусус Узбакистон, анҷоми ташхиси фанниву иқтисодии тарҳи ин нирӯгоҳи барояш ҳаётан муҳимро ба Бонки ҷаҳонӣ ва бахши зистмуҳитиашро ба ширкати швейтсарии ”Рoyry” супурд. Аммо анҷоми ташхиси тарҳи Роғун чанд бор ба таъхир уфтод ва ҳоло қарор аст, то моҳи марти соли 2013 анҷом шавад.