Дар ин баҳс дар толори Донишгоҳи Ҳофстра дар шаҳри Ню-Йорк Барак Обама, Митт Ромниро ба он муттаҳам кард, ки манфиати мардуми сарватманд ва саноати нафтро ҳимоят мекунад. Ӯ гуфт, Митт Ромни “барномаи якбандӣ дорад, ки тазмин диҳад, то гурӯҳе дар боло бо меъёрҳои дигаре бозӣ кунанд.”
Барак Обама афзуд, Митт Ромнӣ омода аст, ба ширкатҳои нафтӣ иҷоза бидиҳад, сиёсатҳои энержии Амрикоро бинависанд. Барак Обама дар бораи сиёсати иқтисодии худ гуфт: “Ман мехоҳам, таъсиси ҷойҳои кориро ҳамчунон идома диҳам, мисли онки танҳо дар 13 моҳи гузашта 5 миллион ҷойи корӣ фақат дар бахши хусусӣ офаридем.
Аммо номзади Ҳизби Ҷумҳурихоҳ дар навбати худ иддао кард, дар аҳди чаҳорсолаи Барак Обама, амрикоиҳои камтар бо ҷойи кор таъмин шудаанд.
Интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико рӯзи 6-уми ноябр баргузор мешавад. Бино ба назархоҳиҳо, тарафдорони Барак Обама, назар ба ҳаводорони Митт Ромнӣ андаке бештар будааст. Тибқи як назархоҳии шабакаи телевизионии СНН, дар мубоҳисаи дуввум Барак Обама назар ба Миит Ромнӣ қавитар будааст.
Барак Обама ва Митт Ромнӣ дар ин баҳс ба суолҳои мардуми оддӣ дар бораи сиёсатҳои дохилии Амрико посух доданд. Митт Ромнӣ аз ҷумла сиёсатҳои иқтисодии Барак Обамаро, интиқод кард ва гуфт, ки дар замони ҳукумати Обама, бекорӣ дар Амрико бештар ва дефитсити буҷа боз ҳам афзоиш ёфтааст ва дар сурати раиси ҷумҳур шудан, ӯ ин мушкилро ҳал хоҳад кард. Вале Барак Обама гуфт, губернатор Ромнӣ дар гузашта бо усулҳои манфиатҷӯёна барои худ, ҳазорон нафарро бекор гузошт ва ҷойҳои кории амрикоиҳоро ба хориҷа кӯчонд.
Миллионҳо нафар дар саросари Иёлоти Муттаҳида ин баҳсро тамошо мекунанд. Бино ба назархоҳиҳо, Обама дар баҳси аввал аз Митт Ромнӣ заъифтар ба назар расидааст. Мубоҳиса дар Донишгоҳи Ҳофстра дар шаҳри Ню Йорк сурат гирифт. Баҳси саввум ва ниҳоии ду номзад ба мақоми раёсати ҷумҳури Амрико 22 октябр дар аёлати Флорида сурат мегирад.